АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
2.6. Назарияи равандҳои ҳамгироӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ Дар шароити рушди доимии равандҳои ҷаҳонишавӣ, маҳаллисозӣ, тағйирёбии парадигмаҳои иқтисодӣ, мубрамияти қонунҳои иқтисодӣ, таҳқиқи зиддиятҳои ҳамгироӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи зиёд ба бор меорад. Сухан дар бораи афзалияти равандҳои зикршуда, ки ба иқтисодиёти муосир хосанд, душвор аст, аммо муайян кардани чаҳорчӯбаи консептуалии фаҳмиши муосири ҳам раванди ҳамгироӣ ва ҳам ҷаҳонишавӣ ва рушди устувори иқтисодиёт дар сатҳҳои гуногун, ки ба он таъсир мерасонанд, зарур аст.
Ҳамгироӣ (интегратсия, аз лотинӣ integer - яклухт, барқароршуда) ҳолати иқтисодиёти муттаҳидшудаи қаламравҳо фаҳмида мешавад. Таърифи анъанавии ҳамгироӣ бо муттаҳидшавии қисмҳо ба як қисми бутун алоқаманд аст. Ҳамгироӣ дар маънои иқтисодӣ ин раванди мутобиқсозии мутақобила, густариши ҳамкории иқтисодӣ ва истеҳсолӣ, муттаҳид кардани хоҷагии халқи ду ё зиёда кишвар, шакли байналмилалгардонии фаъолияти хоҷагидорӣ мебошад.
Ҳамгироӣ, ҷаҳонишавӣ ва рушди устувор робитаи зич ва таъсири мутақобила доранд, ки имконият ва маҳдудиятҳои иқтисодиётро барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбати иқтисодӣ муайян мекунанд.
Муносибати ҳамгироии иқтисодӣ ва ҷаҳонишавӣ метавонад ҳамчун вокуниши низомҳои алоҳидаи иқтисодӣ ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва зарурати дастрасии кафолатнок ба ашёи хом, технологияҳои нав, таъминоти бозорҳо ва дигар натиҷаҳои мусбати иқтисодӣ тавассути ин шакли ҳамкорӣ баррасӣ карда шавад.
Ҳамгироии иқтисодиро дар робита бо рушди устувор метавон ҳамчун посух ба татбиқи технологияҳои муосир ва усулҳои рушди устувор баррасӣ кард, зеро маҳз дар ҷараёни ҳамгироӣ омилҳои асосии истеҳсолот, таҷрибаи ҷамъшуда ва потенсиали илмӣ метавонанд барои эҷоди технологияҳои пешрафта муттаҳид карда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё