Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар аксари ҳолатҳо, назарияҳои ҳамгироии иқтисодӣ ва манфиатҳои он ба созишномаҳои ҳамгироии байни кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ пурра дахл надоранд. Баласса изҳор медорад, ки дар адабиёти назариявӣ оид ба масъалаҳои ҳамгироии иқтисодӣ иттифоқҳои гумрукӣ танҳо дар кишварҳои саноатӣ муҳокима карда мешаванд. Мушкилот ва муҳити онҳо на бо рушди иқтисодӣ, балки бо тағйироти нисбии хусусиятҳои истеҳсол ва истеъмол алоқаманданд.
Назарияи анъанавии ҳамгироии иқтисодӣ ба бисёр омилҳо такя мекунад, то ба хулосае ояд, ки таъсири холиси иқтисодӣ таъсири ҳамгироиро ба некӯаҳволӣ муайян мекунад. Дар асоси онҳо, дар бораи ҳавасмандкунии кишварҳо барои иштирок дар равандҳои ҳамгироӣ баъзе хулосаҳо баровардан мумкин аст. Детерминантҳои иқтисодии созишномаҳои ҳамгироӣ, ки ба ҳавасмандии кишварҳои рӯ ба инкишоф барои иштирок дар ҳамгироӣ таъсир мерасонанд, аз нуқтаи назари манфиатҳои пешбинишуда ва тарси оқибатҳои манфӣ метавонанд аз ҷониби се гурӯҳи асосӣ - омилҳои умуми иқтисодӣ, бозорӣ ва тиҷоратӣ, ки дар ҷадвали 3 оварда шудаанд, пешниҳод карда шаванд.
Вақте сухан дар бораи кишварҳои рӯ ба инкишоф меравад, ҳамгироии иқтисодӣ бояд ҳамчун воситаи рушди иқтисодии онҳо, на ҳамчун сиёсати гумрукӣ ё ҳатто тиҷоратӣ баррасӣ карда шавад. Назарияи ҳамгироӣ бештар ба тақсимоти беҳтари захираҳо тамаркуз мекунад, дар ҳоле ки назария ва сиёсати рушд бештар ба манфиатҳои рушди босуръати иқтисодӣ дар давраи дарозмуддат ва истифодаи пурраи захираҳо ва омилҳои истеҳсолот дахл доранд. Ҳамин тариқ, дар бисёр кишварҳои рӯ ба инкишоф кӯшишҳои ҳамгироӣ ба татбиқи лоиҳаҳои умумӣ дар соҳаи рушд - коҳиши камбизоатӣ, дастгирии рушди низомҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи амнияти минтақавӣ бештар равона карда шудаанд.

пешина
аз 142
навбатӣ