АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ҷадвали 3. - Омилҳои асосии иқтисодии равандҳои ҳамгироӣ # Гурӯҳи омилҳо Номи омилҳо 1. УмумиДурнамои рушд иқтисодӣҲамоҳангсозиисиёсати макроиқтисодӣ Андозаи кишварҳоииштирокчӣ Таъсири ҳамгироӣбарои кишварҳоихурд БозорТаъсир ба шуғлва ҳосилнокӣ Тахассуси истеҳсолӣ Ҳифзирушди саноатӣ Рақобатпазириибайналмилалӣ Рақобатвамукаммалшавӣ СавдоДиверсификатсияи савдо Сатҳиибтидоиитарифҳо Ҳиссаитиҷоратибайналмилалӣ дарММД Ҳиссаисавдои дохилиминтақавӣ Рушди тиҷоратиминтақавӣ Тағйирдоданисохторитиҷорат бокишварҳоипешрафта Инфрасохтори нақлиётӣ
Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки ҳатто агар ҳамаи шартҳои савдо ҳангоми имзои созишномаи ҳамгироӣ байни кишварҳои рӯ ба инкишоф иҷро карда шаванд, ихтилофи сиёсати макроиқтисодии онҳо дар якҷоягӣ бо набудани ҳамоҳангӣ байни давлатҳои аъзо метавонад манфиатҳои эҳтимолии ҳамгироиро, алахусус дар робита ба афзоиши тиҷорати байниминтақавӣ коҳиш диҳад.
Барои он ки созишномаҳои тиҷоратӣ устувор бошанд, кишварҳои иштирокчӣ бояд кӯшиш кунанд, ки муносибатҳои дохилии асъорӣ ва молиявии худро муттаҳид кунанд ва ин метавонад барои рушди тиҷорат байни кишварҳои узв назар ба худи имтиёзҳои гумрукӣ муҳимтар бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё