АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ҷустуҷӯи на ҳама вақт муваффақи чунин омехтаи консепсияҳо ва назарияҳо амалӣ мегардид, ки ҳам барои ҳалли вазифаҳои аввалиндараҷа ва ҳам барои мувофиқи шароити аниқи мамлакат коркарди стратегияи тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ имконият диҳад. Дар давлатҳое, ки ба роҳи ин гуна ҷустуҷӯҳо дохил шуда буданд, муҳаққиқон ва олимони худи онҳо пайдо шуданд, ки ба ташаккули мактаби иқтисодчиён, ҷомеашиносон ва сиёсатшиносони миллӣ асос гузоштанд.
Дар миёнаҳои асри 20 дар давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мавриди назар назарияи «қафомонии» тараққиёти саноат маъмул буд, ки мувофиқи он сиёсати воридотивазкуниро бо тамоюл ба содирот (ба ин ё он таносуб) пайваст намояд. Каме дертар назарияи азнавсозӣ ба таври васеъ паҳн шуд, ки он як навъ идомаи пешравии тараққиёт ҳисоб мешуд. Дар солҳои 50—60-ум мамлакатҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ пешазсаноатикунониро анҷом дода, ба давраи якуми навсозии иқтисодиёт шуруъ намуданд. Сиёсати ивази воридот ва дастгирии давлатӣ барои онҳо маъмул гаштааст, ҳарчанд, ки он дар замонҳои гуногун ва дараҷаҳои гуногун гузаронида мешуд. Дар давраи дуюми навсозӣ ба махсусгардонӣ бештар диққат дода шуд, ки ин боиси ба вуҷуд омадани минтақаҳои истеҳсолии содиротӣ гардид.
Дар зери таъсири ин идеяҳо мамлакатҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ тадриҷан моделҳои ташкили бомуваффақияти иқтисодиётро ташкил карданд. Бо мурури замон ба шарофати ислоҳоти сохторӣ ва навсозии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба ин мамлакатҳо муяссар гардид, ки ба суръати баланд ва нисбатан устувори афзоиши иқтисодӣ ноил гарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё