Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Кобили зикр аст, ки ин самт барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои ду давлат заминаи устувор мегузорад.
в) Тайи даҳсолаи охир баргузор намудани рӯзҳои фарҳанг дар Москва ва Душанбе ба ҷашнҳои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ табдил ёфта, ба ҳукми анъана даромаданд.
6. Мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Россия сол то сол ҷиддияти бештар касб мекунад. Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, чуноне ки имрӯз фаҳмида мешавад, солҳои аввали истиқлолият мавҷуд набуд. Он шаҳрвандоне, ки ба Россия ва дигар кишварҳо рафта буданд, солҳои 1992-1997 чун гуреза шинохта мешуданд. Баъд аз он, ки дар Тоҷикистон сулҳу осоиштагӣ барқарор шуду ба ҳаёти шахсе хатар таҳдид надошт, мафҳуми гуреза аз байн рафт ва кишварҳо бо тамоюли нав – «муҳоҷирони меҳнатӣ» дучор омаданд.
Аз ин рӯ роҳбарияти Тоҷикистон дар чанд самт тадбирҳо андешид, то дар ҳадди имконот мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистониро дар Россия ҳаллу фасл намояд. Дар баробари таҳияи санадҳои зарурии дуҷониба ба мақсади сабук гардонидани рафтуомади шаҳрвандон ва фаъол намудани ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Россия солҳои охир чанд тадбири иловагӣ андешида шуд. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа консулгариҳои генералии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, дар баъзе минтақаҳои сукунати тоҷикистониён консулҳои фахрӣ таъйин гардиданд.
Роҳбари давлат бо диаспораи тоҷикистонии муқими Россия таваҷҷӯҳи хоса дорад ва зимни сафарҳои худ ба Москва, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳои Россия бо намояндагони он пайваста мулоқотҳо анҷом медиҳад. Чунин мулоқотҳои Роҳбари давлат бо намояндагони тиҷоратӣ ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикистониён дар Душанбе низ баргузор шуданд.
Қобили зикр аст, ки саҳми тоҷикистониёни муқими Россия дар табодули мол миёни ду кишвар ва сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон сол то сол меафзояд.
7. Масъалаи дигаре, ки ҷиҳати дастгирии шаҳрвандони ҳарду давлат ба хотири ҳифзи манфиатҳо ва нигоҳ доштани робитаҳо нақши муҳим дорад, имкони доштани шаҳрвандии ҷонибҳо ё дуҷониба мебошад.
Бояд зикр намуд, ки аҳдномаро дар бораи душаҳрвандӣ Тоҷикистон танҳо бо Россия имзо кардааст. Дар давраи истиқлолият бисёр шаҳрвандоне, ки ба Россия кӯчида, робитаҳои худро бо Тоҷикистон канданӣ нестанд, аз ин имконият истифода мебаранд.
Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба эътидол вазъи мураккаби Афғонистон дар сатҳҳои гуногуни байналмилалӣ ҳамеша масъалагузорӣ мекунад. Ӯ бар он аст, ки чунин вазъияти печидаву мураккаб ба амнияти минтақа хатарзо буда, яке аз сарчашмаҳои паҳншавии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа, терроризм мебошад.

пешина
аз 228
навбатӣ