Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз ин лиҳоз ӯ кӯшиш мекунад, ки таваҷҷӯҳи кишварҳои ҳамсуд, аз ҷумла, Россияро ба ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб намояд. Вале дар ин масъала мавқеъгирии кишварҳои ИДМ яксон набуд. То ҳодисаҳои сентябри соли 2001 бисёре аз онҳо нисбати ҳаракати Толибон ё мавқеи бетарафиро ишғол карда, ё омодаи ба расмият шинохтани онҳо буданд. Дар қиёс бо онҳо Тоҷикистон дар ин маврид мавқеи устувори худро дошт. Амалҳои террористии моҳи сентябри соли 2001 дар шаҳрҳои Ню-Йорку Вашингтони ИМА дурустии мавқеи Тоҷикистонро исбот карданд.
Роҳбари Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори нақши фаъол доштани Россия дар ҳалли мушкилоти минтақа, аз ҷумла, Афғонистон буд. Аз ин рӯ, бо ташаббуси ӯ моҳи октябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе мулоқоти сеҷонибаи Президенти Тоҷикистон, Президенти Россия В. Путин ва Президенти Афғонистон Б. Раббонӣ баргузор гардид.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои калидии ба эътидол овардани вазъияти Афғонистонро муҳокима карданд.
Қадами дигари Роҳбари Тоҷикистон дар бобати ҷалб кардани Россия ба ҳалли масъалаҳои Афғонистон таъсис додани формати нави муколама бо иштироки роҳбарони Тоҷикистон, Россия, Афғонистон ва Покистон буд. Соли 2009 мулоқоти нахустини «чоргонаи Душанбе» бо иштироки президентҳои Тоҷикистон Э. Раҳмон, Россия Д. Медведев, Афғонистон Ҳ. Карзай ва Покистон О.А. Зардорӣ дар Душанбе баргузор гардид, ки доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳалли қазияи Афғонистон, амалӣ кардани лоиҳаҳои иқтисодии минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро муҳокима намуд. Мулоқотҳои минбаъда мувофиқи ин формат дар Сочи ва Душанбе баргузор шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон боварӣ дорад, ки барои таҳкиму тавсеа бахшидани муносибатҳои самимона ва ҳамкориҳои судманд бо Федератсияи Россия имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд.

пешина
аз 228
навбатӣ