Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шоистаи зикр аст, ки ин яке аз бузургтарин лоиҳаҳои муштараки Россия дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
б) Дар мавриди муштаракона идома додани сохтмони НБО-и Роғун тарафҳо сари як андеша наомаданд. Дар соли 1992 роҳбарияти вақти Тоҷикистон бо Покистон дар бораи сохтмони ин иншооти муҳим тавофуқ ҳосил намуда буд. Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамияти ин иншоот ва таъмини иштироки сармояи Россия дар иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифт, ки онро барои шарики стратегии давлаташ нигоҳ дорад. Ин интизорӣ то соли 2004 тӯл кашид. Сипас ҷониби Россия ширкати «Русал»-ро барои амалӣ кардани лоиҳаи НБО-и Роғун мушаххас намуд. Се соли дигар Ширкати «Русал»
назди ҷумҳурӣ шартҳо гузошта, амалӣ намудани лоиҳаро ба қафо мепартофт. Роҳбарияти Тоҷикистон ба хулосае омад, ки бо ин ширкат шартномаро қатъ намуда, барои сохтмони нерӯгоҳ имкониятҳои дохилиро сафарбар намояд.
в) Дар асоси мувофиқаҳо ва санадҳои имзошуда Тоҷикистон ҷониби Россияро барои ҳамкорӣ дар бобати иктишофи ҳавзаҳои нефту газ ташвиқ намуд. Ҳоло корҳои иктишофӣ ва пармакунӣ аз ҷониби ҶСК «Газпром»-и Россия дар Сариқамиш ва дигар ҳавзаҳо идома доранд.
5. Ҳамкориҳо дар самти илму фарҳанг ва маориф нисбатан хуб ба роҳ монда шудаанд.
а) Бо назардошти аҳамияти забони русӣ дар ҳифзу густариши муносибатҳо бо Россия ва соири давлатҳои ИДМ ва дигар имкониятҳои ин забон Роҳбари давлат бар он буд, ки мақоми он дар Конститутсияи ҷумҳурӣ инъикос ёбад. Ҳамин тариқ, дар моддаи 2 Конститутсия сабт гардид, ки «забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад». Ин имкон дод, ки фазои забони русӣ дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шавад. Имрӯз забони русӣ дар ҷумҳурӣ забони матбуот, забони илм, забони таҳсил ва муоширати байни миллатҳост.
Дар Душанбе марказҳои русии Фонди «Ҷаҳони рус» ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки кӯшишҳои роҳбарияти Тоҷикистонро дар мавриди ҳарчи бештар фароҳам овардани шароит барои истифодаи ин забон тақвият мебахшанд.
б) Дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия таъсис ёфт, ки ҳоло яке аз муассисаҳои муҳими тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Сипас филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов, Донишкадаи пӯлоду металлургияи Москва дар Душанбе ба фаъолият пардохтанд. Ғайр аз ин аз рӯи ихтисосҳои барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарур ҳар сол теъдоди муайяни довталабон аз рӯи квотаҳои ҷудошуда имтиҳон супорида, дар мактабҳои олии Россия таҳсил мекунанд.

пешина
аз 228
навбатӣ