Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
ШАРҚУ ҒАРБ ДАР ГУСТУРАИ
СИЁСАТИ МУТАВОЗИН
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Абулқосим Фирдавсӣ
Эҳёи ҳамбастагиҳои таърихӣ ва фарҳангӣ
Афғонистон яке аз кишварҳои камшумори хориҷ аз блоки сотсиалистӣ буд, ки дар замони ҳокимияти шӯравӣ низ Тоҷикистон бо он алоқа ва иртибот дошт. Ин робитаҳо асосан дорои ҷанбаи фарҳангӣ буда, бо рафтуомадҳои гурӯҳҳои мусиқӣ, ҳунарӣ ва шоирону нависандагони ду кишвар маҳдуд мешуд. Бахусус пас аз инқилоби Савр дар соли 1978 ва вуруди артиши Шӯравӣ ба Афғонистон сатҳи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон рушд ёфт. Дар ин давра сафарҳои мутақобилаи ҳунарии овозхонону сарояндагони шинохтаи тоҷику афғон дар шинохт ва наздикии бештари мардуми ду кишвар нақши зиёд мебозид. Дар солҳои 80-уми асри гузашта маъруфтарин овозхонони хориҷӣ дар Афғонистон сарояндагони тоҷик буданд.
Албатта, мавҷудияти муносибатҳои расмии ду кишвар дар замони шӯравӣ заминаи фароҳам шудани падидаҳое буд, ки ҳанӯз мавриди омӯзишу мутолиаи коршиносӣ қарор нагирифтаанд. Дар он солҳо ҳузури садҳо нафар мушовир, тарҷумон, афсар ва сарбози тоҷик дар сохторҳои мухталиф ва артиши Шӯравӣ дар Афғонистон, ки ба таври рӯзмара бо мардуми он тамос доштанд, имкони ошноии лозими тоҷикони муқими Афғонистонро бо ҳамнажодони ин тарафи дарёи Омӯ ба миён овард.
Донистани мавҷудияти ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон ва ҳарф задани аҳолии он бо забони тоҷикӣ барои хеле аз сокинони одии Афғонистон падидаи хушҳолкунанда ва ҳувиятдиҳанда буд.
Аз сӯи дигар, ҳузури сершумори мутахассисони тоҷик дар Афғонистон низ ба рӯҳияи худшиносии миллии онҳо ва махсусан таваҷҷӯҳ ба асолат ва покиза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ таъсири мусбат дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё