Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ин таъсир дар солҳои баъдӣ дар расонаҳои ҷамъӣ ва таълифоти адабиву илмӣ бараъло мушоҳида мешуд. Фарҳангиёни тоҷике, ки дар Афғонистон кору фаъолият доштанд, аз тарҷумаи таҳтулафзӣ ва шаклии истилоҳот парҳез карда, ибораву калимаҳои бисёр зиёди барои он давра комилан тозаву ҷаззобро ба гардиш дароварданд. Имрӯз бо забони салису зебоӣ тоҷикӣ сухан гуфтани натанҳо фарҳангиён, балки роҳбарону мансабдорони кишварамон чун як амри табиӣ пазируфта мешавад, вале дар он замон ин падида бисёр арзишманд буд.
Бидуни шубҳа, бо истиқлолият ёфтани Тоҷикистон равобити Душанбеву Кобул вориди марҳилаи комилан нав гардид. Аммо, мутаассифона, иттифоқ афтодани нооромиҳои Тоҷикистон ва идомаи ҳарҷу марҷи сиёсӣ дар Афғонистон имкон надод, ки ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар аз рушду тавсеаи лозим бархурдор гардад.
Бо буҷуди ин бо оғози даргириҳо дар Тоҷикистон Давлати Исломии Афғонистон ҳарчанд, ки худ мушкилоти зиёде дошт, натанҳо даҳҳо ҳазор паноҳандаи тоҷикро пазируфт, балки раҳбарияти ин кишвари ҳамзабону ҳамреша саъю талоши зиёде ба харҷ дод, то муноқишаи байни тоҷикон аз роҳи гуфтугӯ ва музокира ба натиҷа расад. Аз ин ҷиҳат роҳбарият ва миллати тоҷик ҳамеша аз саҳми бародаронаи шаҳидони роҳи озодӣ ва истиқлолияти Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Бурҳониддини Раббонӣ қадрдонӣ мекунанд. Маҳз бо миёнравии роҳбарияти ин кишвари дӯсту бародар буд, ки аввалин дидори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ моҳи майи соли 1995 дар Афғонистон баргузор шуд ва раванди музокироти байни ду тарафро ба сатҳи олӣ баровард, ки самари он имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 буд.
Ҳамон гуна, ки роҳбарияти Давлати Исломии Афғонистон бо даргир будани худ бо Толибон ба бозгашти сулҳу субот ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ нишон медоданд, ҳукумати Тоҷикистон низ ба таври қотеона дар сатҳи минтақавиву байналмилалӣ аз давлати қонунии Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва аз ҳеч гуна ёриву мусоидат дареғ намеварзид.
Бархилофи бархе аз кишварҳо, ки дар он марҳила дар масъалаи Афғонистон ё мавқеи бетарафиро ишғол карда буданд ва ё ҳатто кӯшиши барқарории тамос бо Толибонро менамуданд, роҳбарияти Тоҷикистон ба таври усулӣ аз давлати қонунии Афғонистон, ки онро Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ба расмият шинохта буданд, пуштибонӣ ба амал меовард.
Ин рафтори содиқона ва мавқеи усулии роҳбарияти Тоҷикистон баъдҳо аз тарафи сиёсатмадорон, коршиносон ва расонаҳои мухталифи ҷамъӣ мавриди таҳсин ва таъкид қарор гирифт. Албатта, ин воқеият аз чашми нухбагони сиёсӣ, илмиву фарҳангӣ ва инчунин мардуми оддии Афғонистон низ пинҳон намонд, ки маҳбубияти беназири Сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар ин кишвари ҳамсоя далели равшани он ба шумор меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё