Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони афғон зимни баррасии шеваи рафтори кишварҳои ҳамсояи худ ба таври мушаххас натанҳо аз мудохилаи баъзе аз онҳо сӯҳбат мекунанд, балки роҳбаронашонро низ мавриди интиқоди шадид қарор медиҳанд. Аммо тайи беш аз як даҳсолаи гузашта ҳеч вақт Тоҷикистон мавриди иттиҳому интиқод қарор нагирифтааст. Дар сатҳи мақомоти расмӣ низ ин ҳусни назар ба таври равшан ба мушоҳида мерасад, ки бо як ишораи кӯтоҳ ин воқеият беҳтар бозгӯ хоҳад шуд.
Рангин Додфар Спанто, вазири вақти корҳои хориҷии Афғонистон, ки ҳоло вазифаи мушовири амнияти миллии Президенти ин кишварро бар ӯҳда дорад, 30 августи соли 2007 дар ҳошияи маросими ифтитоҳи пули «Дӯстӣ» дар минтақаи Панҷи Поён, ки бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай сурат гирифта буд, зимни сӯҳбат бо намояндагони сершумори расонаҳои дохиливу хориҷӣ бо ситоиш аз иқдомоти хайрхоҳонаву бародаронаи роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон, гуфта буд: «Барои Афғонистон ҳеч кишваре ба андозаи Тоҷикистон ҳамсояи мутмаин нест ва мо аз ноҳияи марзҳои ин ҳамсояи худ ҳеч гуна нигароние надорем».
Ёдоварии ин нукта, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорои тӯлонитарин марз бо Афғонистон аст, холӣ аз аҳамият нест.
Таваҷҷӯҳ ба ҳамкорӣ бо Афғонистон аз ин назар аҳамияти бештар касб карда буд, ки аз ибтидо Роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамзабонро яке аз ҳадафҳои усулии сиёсати хориҷии худ мушаххас намуд. Бар изофаи ҳамзабонӣ, таърих, дин, фарҳанг, расму оин, арзишҳо ва суннатҳои муштараки ҳамсоягӣ низ аҳамияти Афғонистонро барои кишвари мо хеле бештар намудаанд. Бо шинохти аҳамияти хосаи масъала аст, ки тайи даврони истиқлолияти Тоҷикистон ва махсусан даҳаи ахир ҳатто як иҷлосу ҳамоиши минтақавиву байналмилалӣ ва мулоқотҳои ду ва чандҷонибаро наметавон пайдо кард, ки дар онҳо Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Афғонистон ва зарурати кумаку мусоидати воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасли мушкилоти он таъкид накарда бошад.
Роҳбари Тоҷикистон барои фароҳам кардани заминаи ёрии амалӣ ба истиқрори сулҳу субот, пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон ва пешгирии таҳдиду хатарҳои бархоста аз ин кишвар ба мамлакатҳои ҳамсоя ва дигар манотиқи дунё, пайваста аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ пешниҳодоти мушаххасро матраҳ намудааст.

пешина
аз 228
навбатӣ