Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Роҳбарияти Тоҷикистон бо алоқамандии хосе, ки ба бозгашти сулҳу субот ба Афғонистон дошт, аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ аз ҳеч гуна ҳамкорӣ дареғ наварзид. Аз ҷумла, масирҳои ҳавоӣ ва заминии худро барои интиқоли муттасили кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба Афғонистон вогузор кард. Ба хотири фароҳам намудани заминаи густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дуҷониба беш аз 40 санади байниҳукуматӣ имзо шудааст.
Танҳо дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон, ки 27-28 апрели соли 2005 сурат гирифт, 11 қарордод ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки «Қарордод дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» яке аз муҳимтарини онҳо ба шумор меравад.
Муносибатҳои миёни Тоҷикистону Афғонистон дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, маориф, фарҳанг ва мубориза бо маводи мухаддир бомуваффақият пеш мераванд. Масалан, бар асоси иттилои расмӣ дар соли 2002 мубодилаи бозаргонии байни ду кишвар ҳамагӣ 6.4 миллион долларро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар соли 2011 ба беш аз 123 миллион доллар расидааст, ки намунаи гӯёи рушди бесобиқаи ҳамкориҳо мебошад .
Дар рушди тиҷорати байни ду кишвар тарҳҳои минтақавӣ ба монанди бунёди роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, нерӯгоҳҳои нав, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва ғайра нақши мусбат бозид. Тайи солҳои ахир тиҷорати марзӣ байни Тоҷикистону Афғонистон бомуваффақият рушд меёбад. Дар ҳоли ҳозир дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон бо ВМКБ Тоҷикистон чор нуқтаи тиҷорати марзӣ фаъол буда, онҳо дар таъмини аҳолии вилоятҳои шимолии Афғонистон бо молу маводи мавриди ниёз нақши бисёр муҳим доранд.
Бар изофаи панҷ пули мавҷуд дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Шӯрободи вилояти Хатлон боз як пули дигар сохта шуда истодааст, ки бо мариди истифода қарор гирифтани он ва инчунин гузаргоҳҳои нави марзии Кокул-Ойхонум ва Калдор-Айвоҷ сатҳи мубодилаи бозаргонии ду кишвар бештар афзоиш хоҳад ёфт.
Вале бо дарназардошти он воқеият, ки дар соли 2014 нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ Афғонистонро тарк хоҳанд гуфт, дурнамои таҳаввулоти минтақа аз аҳамияти фаровоне бархурдор гардидааст. Ба нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон вогузор шудани масоили таъмини амният махсусан масъулияти кишварҳои ҳамсояро афзоиш медиҳад.
Аз ин назар Тоҷикистон алоқаманди иҷрои комили стратегияи ҷомеи байналмилалӣ ба манзури таъмини субот ва барқарорсозии баъдиҷангии Афғонистон мебошад. Махсусан андешидани тадбирҳои лозим ва амалӣ ҷиҳати иҷрои бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ин стратегия аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

пешина
аз 228
навбатӣ