Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар идомаи талошҳои Тоҷикистон барои дастёбӣ ба сулҳу субот дар Афғонистон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан кишварҳо ва созмонҳои муҳимми байналмилалӣ ба ин масъала, 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳои 46 кишвари дунё ва 30 созмону ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат карданд.
Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин конфронс бори дигар аз ҳамёрони байналмилалӣ тақозо намуд, ки барои ҳамоҳангӣ ва иҷрои тавофуқоти суратгирифта дар ҳамоишу конфронсҳои қаблӣ дар робита ба истиқрори сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон ба таври амалӣ иқдом намоянд.
Роҳбари давлати тоҷикон бо таъкид бар зарурати истифода аз зарфиятҳои дохилии иқтисодиву кишоварзии Афғонистон ҷиҳати бозсозии ин кишвар, гуфт, ки «аз ҷониби худ Тоҷикистон метавонад барои барқарорсозии системаи ирригатсионии Афғонистон ва обёрӣ намудани заминҳои кишт ҳамаҷониба мусоидат намояд».
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «бунёди шабакаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва обанборҳо дар Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун манбаи захираҳои обӣ ва энергияи арзон барои азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Афғонистон ва эҳёи бахши кишоварзӣ аз омилҳои муҳимтарин хоҳад буд».
Зимнан шахсиятҳои сиёсӣ ва коршиносони афғон ва инчунин намояндагони кишварҳои мухталиф конфронси Душанберо дар қиёс бо конфронсҳои қаблӣ ҳам аз назари сатҳи ҳайатҳои ширкаткунанда ва ҳам аз назари тасмимоти амалӣ бамаротиб муваффақтар донистанд.
Таваҷҷӯҳи хоси Роҳбари Тоҷикистон ба ҳамгироии минтақавӣ ба он марбут аст, ки аз ин тариқ метавон ниёзҳои муштараки кишварҳоро таъмин карда, ба эҷоди фазои босубот ва рушди муносиби иқтисодиву иҷтимоӣ даст ёфт. Ихтилофоти мавҷуди миёни кишварҳои минтақа набояд ҳамчун монеи ин раванд дониста шавад, зеро таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ нишон медиҳад, ки онҳо баъд аз ду ҷанги ҷаҳонӣ ва ихтилофоти зиёди низомӣ, маҳз тавассути ҳамгироии минтақавӣ тавонистанд ба эҷоди фазои ҳусни эътимоду боварӣ даст ёбанд.
Роҳбари Тоҷикистон ба хотири ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии иқтисодӣ ва тиҷоратии минтақавӣ иқдомоти муҳимме анҷом додаст, ки яке аз онҳо нишасти «Чоргонаи Душанбе» бо ҳузури Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Россия мебошад. Дар канори рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, дар чорчӯби он ба масъалаҳои мухталифи дигар ва минҷумла, муқобила бо таҳдидҳои қарни муосир ба монанди терроризм, парвариш ва қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории созмонёфта ва боло бурдани сатҳи зарфияти инсонии мавриди ниёзи низомӣ ва ғайринизомии Афғонистон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода мешавад.

пешина
аз 228
навбатӣ