Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ба хотири иҷрои ин ҳадафҳо дар Тоҷикистон дар баробари имконоти мавҷуди мавриди истифода, инчунин ташкили Маркази бисёрсоҳаи касбӣ-техникӣ барои омодасозии кадрҳои хоҷагии халқи Афғонистон бо мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назар гирифта шудааст. Забон, фарҳанг ва расму одоти муштарак харҷу ҳазинаҳои чунин тарҳро коҳиш дода, самаранокии онро бамаротиб афзоиш медиҳад.
Тоҷикистон дар ҳадди тавону имконоти худ дар раванди барқарории сулҳу субот дар Афғонистон саҳм мегирад. Аз ҷумла, ба манзури тақвияти зарфияти инсонӣ ва кадрии ниҳодҳои қудратӣ ва низомии ин кишвари ҳамсоя Тоҷикистон таълими намояндагони ин ниҳодҳоро дар муассисаҳои омӯзишии марбутаи худ ва аз ҷумла Коллеҷи минтақавии САҲА дар шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.
Президенти Тоҷикистон ҳамеша ба интихоби мардуми дӯсту бародари афғон эҳтиром гузошта, ҳар гуна мудохила дар корҳои дохилии ин кишвари ҳамсояро нораво медонад. Ба ин хотир аст, ки аз иқдомоти ҳукумати Афғонистон барои дастёбӣ ба мусолиҳа ва поён додан ба ихтилофот ва даргириҳо дар ин кишвар ҷонибдорӣ менамояд.
Тавре болотар ба иртиботу алоқамандии самимонаи роҳбарони олии Тоҷикистону Афғонистон ишора шуд, месазад, ки матлабро бо ёдоварие аз он мавридҳо ба поён расонем.
Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай, ки якуми сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, Президенти Афғонистон бо ишора ба дастовардҳои рӯзафзуни Тоҷикистон, гуфт:
«Бо ҳар сафаре, ки ба Тоҷикистон менамоям, шоҳиди пешрафтҳои бештари он ва эъмори сохтмонҳои зебо мебошам, ки ба унвони як бародар аз пешрафт ва тараққии кишвари дӯст ва ҳамсояи хеш хурсанд мегардам... Хурсандам аз ин ки дар канори хеш як ҳамсояи ҳамзабон ва ҳамдил дорем, ки раҳбари он ба тавсеа ва истеҳкоми равобити ду кишвар аҳамияти зиёд қоил аст».
Аз оғози истиқлолияти Тоҷикистон ҳамкорӣ бо кишвари дигари ҳамзабон - Ҷумҳурии Исломии Эрон низ яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ муайян гардид. Бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала буд, ки Президенти вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев дар моҳи июни соли 1992 аввалин сафари хориҷии худро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом дод.
Аммо ҷойгоҳи кишварҳои ҳамзабон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳз дар иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки дар 28 декабри соли 1993 баргузор шуд, ба таври усулӣ мушаххас гардид. Эмомалӣ Раҳмон тайи суханронӣ дар ин иҷлосия барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон панҷ ҳавзаро асосӣ донист, ки яке аз он кишварҳои форсизабон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё