Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Чунин тасмим дар нахустин солҳои истиқлолият, ки Тоҷикистон гирифтори мушкилоти бисёр зиёди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва махсусан ҷанги шаҳрвандӣ буд, нишонаи басорат ва дурбинии сиёсии Роҳбари давлат ба шумор мерафт.
Аввалин сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар 16-18 июли соли 1995 сурат гирифт, равобити ду кишварро вориди марҳилаи сифатан нав намуд. Дар ҷараёни ин сафар ҳашт санади ҳамкорӣ ба имзо расид ва сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон расман ифтитоҳ гардид, ки иродаи қотеи раҳбарияти кишварамонро барои густариши ҳамкорӣ бо Эрон бозгӯ мекард.
Музокироти созанда бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва дигар мақомоти олирутбаи эронӣ, ки тайи ин сафар сурат гирифт, уфуқҳои тозаи равобитро боз намуд.
Баъд аз ин сафар диду боздидҳои ҳайатҳои расмии ду кишвар афзоиш ёфт ва дар моҳи майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ расман аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ба амал овард. Дар ҷараёни гуфтушуниди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои эрониаш масоили муҳимми рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, дар поёни он нӯҳ санади ҳамкорӣ имзо гардид.
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз минтақаи Кӯлоб, махсусан оромгоҳи орифи барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва истиқболи гарму самимонаи мардум аз меҳмонони олиқадр, роҳбарияти кишвари дӯсту ҳамзабонро таҳти таъсири амиқ қарор дод. Ба ибораи дигар, ин як намунаи равшани ҳимоя ва ҷонибдории мардумӣ аз рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон буд.
Албатта, Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз кишварҳои меҳварӣ дар заминаи музокироти сулҳи миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифони тоҷик ба шумор мерафт. Чор мулоқоти муҳим дар доираи музокироти сулҳи тоҷикон дар Эрон баргузор шуд. Дар қиёс бо нахустин даври музокироти миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки дар моҳи апрели соли 1994 дар Москва доир шуда буд, дар даври дуввум, ки дар моҳи июни ҳамон сол дар Теҳрон сурат гирифт, Президенти Эрон Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ширкат кард ва инчунин роҳбари рӯҳонии ин кишвар Саид Алии Хоманаӣ ду тарафи тоҷикро ба ҳузур пазируфт, ки нишонаи алоқамандии хоси Эрон ба ҳарчи зудтар поён додан ба даргириҳо дар Тоҷикистон буд.
Дар дуввумин дидори Президенти Тоҷикистон бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки 19 июли соли 1995 бо ҳузури Президенти Эрон дар Теҳрон баргузор шуд, Комиссияи оштии миллӣ ташкил гардид, ки дар раванди сулҳ нақши муҳим бозид.

пешина
аз 228
навбатӣ