Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Дар дигар давраҳои музокироти тоҷикон низ намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолона ширкат намуданд.
Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон низ кӯшиш кард, то дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳузури худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият намояд.
Ҳамкории босуботи сиёсиву иқтисодӣ бо Тоҷикистон барои Эрон имкон медод, то худро ба унвони шарики муҳимми минтақа муаррифӣ кунад ва устураҳои сохташуда аз тарафи рақибони геополитикиаш дар робита ба хатарҳои наздикӣ бо ҶИЭ ва махсусан дар авлавияти сиёсатгузории Теҳрон қарор доштани мулоҳизоти идеологӣ-мазҳабиро аз байн барад.
Ҳамчунин ҳузури фаъоли Эрон дар Тоҷикистон дигар бозигарони муҳимми геополитикии минтақаро ба он водошт, ки инро чун як воқеият қабул кунанд ва манофеи табии якдигарро мадди назар қарор диҳанд. Яъне воқеиятгароӣ ва эътимодсозӣ яке аз шохисҳои муҳимми равобити Тоҷикистон бо Эрон аст, ки дар канори паёмадҳои мусбати дигар, заминаро барои ҳузури ин кишвари дӯсту ҳамзабон дар минтақа бештар фароҳам кардааст.
Тоҷикистон ҳам дар сатҳи ҳокимият ва ҳам нухбагону мардум низ алоқаманди рушду тавсеаи равобити судманд бо Эрон мебошад. Ин ба далелест, ки дипломатҳо ва коршиносони эронӣ Тоҷикистонро ҳамчун маркази сиқли Осиёи Марказӣ барои кишварашон медонанд.
Агар ҳатто аз масъалаи равиши ҳассоси бархе аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои ғарбӣ бо Эрон, ки ба сатҳи муносибатҳои дигар мамолик бо ҶИЭ таъсир гузоштааст, сарфи назар намоем, боз ҳам омили дигар, яъне низом ва ҳокимияти хоси Эрон боиси ҳамкориҳои эҳтиётомези иддае аз кишварҳо бо Теҳрон шудааст.
Аммо муваффақияти усули роҳбарӣ ва дипломатияи тоҷик дар он аст, ки бо тафовутҳои зиёди миёни низомҳои сиёсии ду кишвар тавонистааст бо Эрон ба унвони яке аз шарикони муҳимми хориҷии худ муносибат дошта бошад ва зимни ҳимоят аз ин ҳаққи табии худ, бо дигар қудратҳо ва кишварҳои муҳимми ҷаҳониву минтақавӣ низ равобити дӯстона барқарор намояд.
Маълум аст, ки сиёсати хориҷии ҳар кишваре дорои маҷмӯе аз имкониятҳо ва таҳдидҳост ва ҳунари дипломатия дар он ифода меёбад, ки чи гуна аз имкониятҳо истифода гардида, пеши роҳи таҳдидҳо гирифта шавад. Дар равобити миёни Тоҷикистону Эрон бештари имкониятҳо дар заминаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мавҷуданд. Беш аз 60 дарсади асноди имзошуда байни ду кишвар дорои ҷанбаҳои фарҳангӣ буда, аз ин ба баъд афзоиши таваҷҷӯҳ ба густариши равобити иқтисодиву тиҷоратӣ ба ниёзҳои ин марҳилаи рушди Тоҷикистон бештар мутобиқат хоҳад дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё