Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бадеҳист, ки дар равобити иқтисодии байни кишварҳо ва бахусус сармоягузории хориҷӣ масъалаи суди молӣ аз аҳамияти зиёде бархурдор аст. Посухи ин пурсиш муҳим хоҳад буд, ки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон барои Эрон чӣ нафъе дорад? Шакке нест, ки чунин ҳамкориҳо дорои суди мутақобиланд, вале таваҷҷӯҳ ба баъзе омилҳои муҳим дар равобити ду кишвар низ лозим мебошад. Масалан, Тоҷикистон наздиктарин ва мутмаинтарин шарики сиёсӣ ва иқтисодии Эрон дар Осиёи Марказист. Эрон бо сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он кумак мекунад, ки ҳосили он тақвияти нақш ва ҷойгоҳи шарики стратегии Эрон дар минтақа мебошад. Дигар ин ки Тоҷикистон бо иҷрои тарҳҳои муҳимми зерсохтӣ ва аз ҷумла, нерӯгоҳҳои нав дар солҳои оянда ба бузургтарин содиркунандаи нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ табдил хоҳад шуд, ки бахше аз онро дар ихтиёри Эрон низ қарор хоҳад дод.
Тавре ишора шуд, дар сурати идомаи муваффақиятомези ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ва махсусан сармоягузории Эрон дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, аз тариқи Тоҷикистон роҳ барои вуруди мутмаинтари маҳсулот ва фанновариҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар боз хоҳад шуд. Сохти роҳи оҳан ва мошингард аз Эрон ба воситаи Афғонистон ба Тоҷикистон на танҳо ба иҷро шудани ин ҳадаф кумак мекунад, балки боиси нуфузи колоҳои эронӣ дар бозорҳои минтақа ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд. Бино бар ин, арзаи кори бамавқеъ ва бокайфияти ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон барои муаррифии симои мусбати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа бисёр муҳим хоҳад буд.
Дар мавриди таҳдидҳои муштарак барои Тоҷикистону Эрон метавон ба парвариш ва қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ ишора кард, ки ду кишвар бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи кофие, ки дар ин заминаҳо доранд, метавонанд ҳамкории муассир дошта бошанд.
Ҳимоят аз ҳаққи Эрон барои доштани энергияи сулҳомези ҳастаӣ мавқеи усулии роҳбарияти Тоҷикистон буда, қатъи назар аз бархурди кишварҳои дигар, ки аз ҷумла, қудратҳои ҷаҳонӣ, ҳеч гоҳе онро тағйир надодааст. Намунаи барҷастаи пуштибонии Тоҷикистон аз Эрон дар ин робита дар соли 2010 дар ҷараёни суханронии Президенти Тоҷикистон дар парлумони Аврупо мушоҳида гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо қотеияти тамом аз сатҳи баланди муносибатҳои Тоҷикистон бо Эрон ҳимоят кард ва аз кишварҳои ғарбӣ барои бархурди дугона дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон интиқод намуд.
Қаблан ва баъд аз он ҳам роҳбарияти Тоҷикистон чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар сатҳи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба ҳаққи қонунии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин замина таъкид кардааст, ки ин масъала дар замони раёсати даврагии Тоҷикистон дар Созмони Конфронси исломӣ ба таври возеҳ ба назар расид.

пешина
аз 228
навбатӣ