Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳатто бархе аз коршиносони сиёсии кишварҳои хориҷӣ бо ишора ба ҳимояи Душанбе аз барномаи ҳастаии Эрон аз эҳтимоли паёмадҳои номатлуби он барои манофеи миллии Тоҷикистон сӯҳбат карданд. Аммо ин масъала, аз як сӯ, пойбанд будани Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ ба арзишҳои усулӣ ва аз сӯи дигар истиқлоли фикрии нухбагони олии сиёсии кишварамонро нишон медиҳад, ки барои минтақаи Осиёи Марказӣ падидаи камназир ба шумор меравад.
Албатта, муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Эрон бар асоси маҷмӯе аз омилҳо устуворанд, ки муҳимтарини онҳо забон, таърих, дин, тамаддун ва ҷуғрофиёи муштарак мебошад. Бар хилофи тасаввури бархе аз коршиносон, ки умумияти диниро омили меҳварӣ дар равобити ду кишвар медонанд, забон ва ифтихороти муштараки фарҳангӣ ва таърихии тоҷикону эрониён дорои нақш ва ҷойгоҳи бисёр истисноӣ мебошад.
Дар умум ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар ду даҳаи гузашта метавон ба се давра тақсим кард. Давраи аввал аз оғози истиқлол то шурӯъи даргириҳои дохилии Тоҷикистонро дар бар гирифта, давраи дуввум ба панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Дар давраи севвум, ки аз замони имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то ҳоли ҳозирро фаро мегирад, бо бозгашти суботу амният ва рушду пешрафти Тоҷикистон равобити миёни Душанбеву Теҳрон ба пешрафтҳои назаррас ноил шуд. Маҳз дар ин давра муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи мушорикати стратегии табиӣ расид.
Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июни соли 2009 зимни ширкат дар маросими ифтитоҳи корхонаи ресандагии «Хуҷанд-Некӯ», ки дар он сармоягузорони эронӣ саҳм гирифта буданд, бо қадрдонӣ аз онҳо гуфта буд: «Мардумони кишварҳои мо аз азал ҳамзабону ҳамфарҳанг ва гузашта аз ин, ҳамреша мебошанд ва табиист, ки аз ин нуқтаи назар низ ҳамкориҳои мо дар тамоми самтҳо беш аз пеш суръату сифати тоза пайдо карда истодаанд, ки сохтмони нақби «Истиқлол», нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» намунаи барҷастаи онҳо мебошанд ва барои иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти хоса доранд».
Бешак, дар густариши равобити дӯстонаи Тоҷикистону Эрон нақши роҳбарони ду кишвар бисёр муҳим мебошад. Бидуни иродаи қотеи сиёсӣ ҳамкориҳои Душанбеву Теҳрон наметавонист дар масири рӯ ба рушд пеш равад. Президентҳои ҳарду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод якдигарро бо самимияти хос бародар мехонанд ва ҳамвора ҳомии афзоиши сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи тарафайн ҳастанд.

пешина
аз 228
навбатӣ