Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз ҷумла, Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи навбати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки моҳи сентябри соли 2011 баргузор шуд, бо «намунаи барҷастаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва рамзи дӯстиву ҳамёрӣ» донистани он таъкид кард: «Ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои анъанавии таърихиамонро бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг, алалхусус бо Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор намуда, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем».
Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бо ибрози хурсандӣ аз рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, баён намуд, ки «миллати Эрон ҳамеша дар канори миллати Тоҷикистон хоҳад буд ва аз истиқлол ва азамати ин кишвар ҳимоят хоҳад кард», «миллати Эрон пешрафт, ободонӣ, амният ва иззати Тоҷикистонро пешрафт ва амнияти худ медонад ва итминон дорад, ки давлат ва миллати Тоҷикистон низ ҳамин нигоҳро нисбат ба Эрон хоҳад дошт».
Дар ҳақиқат, имрӯз муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни Тоҷикистону Эрон дар ҳоли густариш буда, бо афзоиши рафтуомади озоди мардум пешрафти соҳибкориву сармоягузорӣ дучанд шудааст.
Бар асоси омори расмӣ дар зарфи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот ва хизматрасонӣ миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар афзоиш ёфта, танҳо дар давоми беш аз панҷ соли охир сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 38 баробар зиёд гардидааст, ки аз ҳимоят ва ҳидоятҳои муассири роҳбарияти ду кишвар дар ин арса шаҳодат медиҳад.
Зимни рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Эрон ба дунболи дастёбӣ ба ҳадафҳои воқеъбинона ҳастанд, ки истифода аз зарфиятҳои мавҷуди ду кишвар барои ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мавҷуди дохилӣ ва таҳкими ҷойгоҳи худ дар арсаи минтақавӣ аз он ҷумла мебошад.


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори аслии тақвияти ҳамкориҳои сеҷониба бо Эрону Афғонистон мебошад.
Агар ба мавқеияти геополитикии Тоҷикистону Эрон назар кунем, ин воқеиятро мушоҳида менамоем, ки ин ду кишвар дар миёни мамолики ғайри форсизабон қарор гирифтаанд ва ҳалқаи васл Афғонистон мебошад. Ба ин далел аст, ки Душанбе ба тавсеаи равобити миёни се кишвари ҳамзабон аҳамияти зиёде қоил аст.
Бо ибтикор ва нақши фаъоли Тоҷикистон ва махсусан Президент Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи Эрон ва Афғонистон ба зарурати ҳамкориҳои муштараки се кишвари ҳамзабон афзоиш ёфт. Роҳбари Тоҷикистон борҳо ба ин нукта ишора кард, ки ҳамкориҳои се кишвари ҳамреша ба нафъи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва рифоҳу амнияти кулли минтақа аст.

пешина
аз 228
навбатӣ