Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар моҳи июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар мавриди ташкили комиссияи муштараки ҳамкорӣ тасмим гирифта шуд.
Президенти Тоҷикистон дар изҳороти матбуотии худ дар робита ба натиҷаи нишасти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки панҷуми августи соли 2010 дар Теҳрон баргузор шуда буд, ин шакли мулоқоти роҳбарони кишварҳои ҳамзабон ва дорои пайвандҳои ниҳоят зиёди таърихиро «суннати нек ва арзишманд» арзёбӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангии мавзеъгириҳои сарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро дар иҷрои барномаҳои бузург ва таърихии ҳамкории сеҷониба муҳим донист ва гуфт: «Мо бахусус сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва хати 500 киловолтии Тоҷикистон-Мазори Шариф-Ҳирот-Машҳадро барномаҳои афзалиятноки ҳамкории сеҷониба бо ҷалби васеи сармоягузории хориҷӣ арзёбӣ менамоем».
Президенти Тоҷикистон бо таъкиди захираву имконоти мусоиди ҳамкорӣ дар ҳама арсаҳо, истифодаи босамар ва мутақобилан судманди онҳоро вазифаи муштараки се кишвари ҳамзабон донист.
Дар ҳошияи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар соли ҷорӣ дар Душанбе роҳбарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон нишасти сеҷониба баргузор карда, масоили ҳамкориҳои муштракро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, дар робита ба ташкили гурӯҳи корӣ барои ҳалли масоили ҳуқуқӣ, фаннӣ (техникӣ) ва молии эҷоди хатҳои иртибототӣ, нафт, газ, интиқоли об ва васл шудани шабакаҳои барқии се кишвар мувофиқат карданд. Ҳамчунин дар дидори сеҷониба дар мавриди сохти хати лӯлаи нафту газ аз Эрон ба воситаи Афғонистон ба Тоҷикистон ва хати лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Эрон ва бархе кишварҳои Халиҷи Форс Ёддошти тафоҳум имзо шуд.
Ҳар дафъа ҳангоме, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо роҳбарони кишварҳои бародару ҳамзабон – Афғонистону Эрон дидору мулоқот менамояд, бо самимият нидо мекунад, ки «Ба ватани худатон хуш омадед!» Ин болотарин баҳо ба равобити самимона ва наздики шахсӣ ва ҳамчунин расмиву давлатии Тоҷикистон бо ин ду кишвар аст.

Дар талоши эҳёи Роҳи абрешими таърихӣ

Пас аз соҳибистиқлол шудан мардуми Тоҷикистон давлати ҳамсоя
– Ҷумҳурии Халқии Хитойро аз нав кашф кард. Ин бесабаб нест, зеро
аз солҳои 60-уми асри ХХ ба баъд муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо Хитой дар ҳолати сардӣ қарор доштанд ва ду ҳодисае, ки соли 1968 дар сарҳади ду давлати бузург ба амал омада, боиси амалиётҳои ҷангӣ ва кушта шудани одамон шуда буданд, дар тасаввуроти наслҳои калонсол саволҳои беҷавоби зиёд боқӣ гузоштанд.

пешина
аз 228
навбатӣ