Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Вале бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ин тасаввуроту андешаҳо ба зудӣ тағйир хӯрданд. Хитой ба ҳайси як ҳамсояи наздик ва дӯсти кишвари мо худро муаррифӣ кард – аз нахустинҳо шуда, давлати тозабунёдро ба расмият шинохт, дар Душанбе сафорати худро ифтитоҳ намуд ва муносибату ҳамкориҳо шурӯъ шуданд.
Вақте Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омад, масъалаҳои рушду густариш додани муносибату ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ, бахусус ҳамсояҳо дар мадди аввали таваҷҷӯҳи ӯ қарор гирифтанд. Тавре зикр гардид, дар он шабу рӯз Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд гирифтор буд ва Роҳбари давлат яке аз роҳҳои асосии аз чунин ҳолат берун овардани кишварро дар дастгирии сиёсию молии дӯстони хориҷӣ медид. Ӯ дар аввали соли 1993 тавонист, ки бо СММ масъалаҳои усулии ба эътидол овардани вазъиятро то андозае ба мувофиқа расонад. Акнун зарур буд, ки бо кишварҳои хориҷӣ низ муносибату ҳамкориҳои фаъолро ба роҳ монда, аз имкониятҳои онҳо ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллии кишвари худ истифода намояд. Ҳамин тариқ, интихоби Роҳбари давлат дар масъалаи анҷом додани нахустин сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой афтид ва ин боздид моҳи марти соли 1993 аз ҳар ҷиҳат муваффақона анҷом ёфт.
Таваҷҷӯҳ намудани Роҳбари давлат ба Хитой бесабаб набуд.
Маълум аст, ки Хитой қабл аз ҳама ҳамсояи ҳамсарҳади Тоҷикистон аст, вале Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ин ҳангоми густариш додани муносибату ҳамкориҳо эҳёи робитаҳои хеле қадимаи халқҳои тоҷику хитоиро низ дар назар дошт, ки замоне тавассути Роҳи бузурги абрешим дар ҳадди камоли худ буданд. Тавассути Роҳи бузурги абрешим дар баробари ривоҷи тиҷорат ва хариду фурӯши мол табодули таҷриба, илму дониш, расму оин, анъанаҳои миллӣ сурат мегирифт ва миёни ду халқ аз он замонҳои дур нишонаҳои муносибатҳои наздик то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Эмомалӣ Раҳмон ба ишора ба ин пайвандҳои қадима зикр намуда буд, ки «аз қаъри таърих халқҳои тоҷику хитоӣ дар фазои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек умр ба сар мебаранд» ва «дар кишвари ман аз он қаноатманданд, ки эҳсосоти амиқи дӯстии таърихӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои мо дар ҳазораи нав рушди динамикӣ меёбанд».
Бояд зикр намуд, ки шурӯъ аз он боздиди нахустин миёни роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Хитой муносибатҳои наздику боварибахш ба роҳ монда шуданд, ки барои таҳкиму тавсеаи равобиту ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мӯътамад ба вуҷуд оварданд. Ин муносибатҳо собитқадамона рушду такомул ёфта, самтҳои зиёди ҳамкориро фаро гирифтанд.

пешина
аз 228
навбатӣ