Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Дар давоми ду даҳсолаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёда аз 150 санади меъёрӣ-ҳуқуқии дуҷониба ба имзо расид, ки миёни онҳо Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ моҳияти зербиноӣ дорад. Ба хотири назорату ҳамоҳангсозии тавофуқҳо Комиссияи иқтисодии байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой фаъолият мекунад, ки мулоқотҳои даврии он ба таври мунтазам баргузор мегарданд.
Азбаски дар муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аз ҷониби Хитой Ноҳияи Мухтори Синҷян-Уйғури (НМСУ) ҶХХ саҳми бузург дорад, ба хотири фаъолтар сохтани кори комиссияи номбурда Зеркомиссияи Тоҷикистону НМСУ ҶХХ-и назди Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Хитой оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъсис ёфт, ки ҷаласаи нахустини он моҳи декабри соли 2010 дар шаҳри Урумчии он кишвар баргузор шуд.
Тавре зикр гардид, яке аз масъалаҳои муҳимтарини миёни ду давлати дӯст боварию эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад, ки муносибату ҳамкориҳо аз он сарчашма мегиранд. Мавқеи асосии Тоҷикистон дар мавзӯи ба Хитой тааллуқ доштани Тайван дар тамоми ҳуҷҷатҳои сиёсии Тоҷикистону Хитой, шурӯъ аз Ёддошти Тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аз 4 январи соли 1992 ва инчунин Аҳдномаи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ аз 15 январи соли 2007 инъикоси худро ёфт. Ҳамчунин, масъалаи муайян кардани хати сарҳади давлатии миёни ду давлат, ки аз таърих ба мерос омада буд, пурра ҳал гардид.
Имрӯз Тоҷикистон ва Хитой дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, илм, фарҳанг, маориф, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муфид ҳамкорӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи муносибатҳои ду давлат баҳои баланд дода, аз он миён ба чанд самте таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуд, ки барои имрӯзу оянда аҳамияти калон доранд. Пеш аз ҳама муносибатҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ миёни роҳбарони ду давлат ба манфиати ҳарду ҷониб равона гардида, зимни мулоқоту гуфтушунидҳо доираи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ мешаванд.
Иродаи сиёсии роҳбарони давлат ба рушду густариши ҳамкориҳо ангезаи нав мебахшад.
Яке аз самтҳои муҳим, бешубҳа, ривоҷ додани муносибатҳои тиҷоратӣ ва боло бурдани гардиши мол аст. Дар ин самт ҷонибҳо ба дастовардҳои бузург ноил шуданд ва ҳоло Хитой яке аз ҳамёрони асосии Тоҷикистон дар ин ҷода мебошад. Хусусан дар солҳои барои Тоҷикистон душвор, ки мардум қобилияти хуби харидорӣ надошт, моли арзони хитоӣ ин ниёзмандиҳоро қонеъ мекард ва имрӯз вобаста ба болоравии сатҳи зиндагии халқ сифати моли воридшаванда боло меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё