Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Вижагии дигари рушди тиҷорат бо Хитой он аст, ки дар солҳои охир сарфи назар аз мушкилоти овардани бор тавассути роҳи оҳан, дар бозорҳои ҷумҳурӣ камчинии мол, болоравии нарх ва дигар зуҳуроти нигаронкунанда мушоҳида нагардид. Ин бори дигар сиёсати дурандешонаи Роҳбари Тоҷикистонро дар мавриди сиёсати «дарҳои боз» ва баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти нақлиётӣ собит намуд. Соли 2004 роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ-Қулма ба истифода дода шуд, ки он ба шоҳроҳи Қароқурум баромада, дар афзоиш ёфтани гардиши мол миёни ду давлат омили муҳим гардид.
Табодули мол миёни Тоҷикистону Хитой мувофиқи маълумоти расмии омории ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои соли 2011 ба беш аз 1 млрд. долл. ИМА расид, ки дар қиёс бо дигар кишварҳои ҷаҳон нишондиҳандаи назаррас аст.
Самти дигар – сармоягузориҳои Хитой ҷиҳати амалӣ кардани лоиҳаҳои гуногун дар қаламрави Тоҷикистон мебошад, ки барои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ пойгоҳи боэътимод мегузоранд. Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз панҷоҳ лоиҳаи муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар амалӣ шуда истодаанд. Шоистаи зикр аст, ки ин сармоягузориҳо дар самтҳои барои ҷумҳурӣ аз ҳама муҳим, ки ба ҳадафҳои стратегии давлат – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ шомиланд, яъне сохтмони роҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ истифода мешаванд.
Бо ёрии сармоя ва ширкатҳои хитоӣ нақби мошингарди «Шаршар» дар роҳи мошингарди Душанбе-Данғара-Кӯлоб сохта ва ба истифода дода шуд, ҳоло сохтмони нақбҳои «Чормағзак» дар роҳи зикршуда, азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Истаравшан- Хуҷанд-Бӯстон-Чанак ва сохтмони нақби «Истаравшан» (дарозиаш зиёда аз 5 км), 37 пули хурду калон ва зиёда аз 6 километр иншооти зидди ярч ва барфу тарма дар ҳамин роҳ, таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош идома дорад. Бояд зикр намуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳҳо барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон хизмати бузургеро ба ҷо хоҳад овард. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими оғози татбиқи лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳи автомобилии Душанбе-Чанак 11 июли соли 2006 зикр намуд, ки «манфиати иқтисодиву иҷтимоии ин роҳ ҳам барои мардум ва ҳам барои кишварамон дар ояндаи наздик хеле назаррас хоҳад гашт».
Маблағгузории азнавсозии ин шоҳроҳ дар асоси қарордоди миёни Тоҷикистону Хитой аз ҳисоби қарзи пешниҳоднамудаи ҷониби Чин, ки ба 928 миллион сомонӣ баробар аст, сурат мегирад.
Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар маблағгузории лоиҳаи мазкур 49 миллион сомонӣ мебошад. Бисёр лоиҳаҳои дигар низ, ҳамин тавр, бо саҳми ҷонибҳо муштаракона сохта мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё