Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Қаблан хатҳои интиқоли барқи 220-киловатаи «Лолазор-Хатлон»
ва 500-киловатаи «Ҷануб-Шимол» аз ҷониби ширкатҳои хитоӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои таъмини истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ аҳамияти калон доранд.
Яке аз самтҳои афзалиятнок дар ҳамкориҳои дуҷониба ин сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии нав, таъмир ва азнавсозии НОБ-ҳои мавҷуда ва ҳамчунин интиқоли хатҳои баландшиддати барқӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои таъсис додани корхонаҳои муштарак, сохтмони объектҳои инфрасохторӣ, нақлиётӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди истеҳсолоти маводи сохтмонӣ, инчунин дар соҳаҳои низомӣ, фарҳангӣ, маориф ва ғайра рушду равнақ меёбанд. Дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон қариб 50 корхона фаъолият дорад, ки бо ҷалби сармояи Хитой сохта шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой равобити созандаву самарабахши худро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай низ муваффақона ба роҳ мондааст. Бояд зикр намуд, ки соли 1996 Хитой ба хотири аз байн бардоштани масъалаҳои сарҳадӣ ҳамроҳи ҳамсояҳои ҳаммарзи худ – Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон формати нави муколама ва ҳамкорӣ «Панҷгонаи Шанхай»-ро таъсис дод, ки санадҳои дар чаҳорчӯби он қабулшуда ба танзими масъалаҳои марбут ба марз бахшида шуда буданд. Дар заминаи ин «панҷгона» соли 2001 Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таъсис ёфт, ки тадриҷан доираи фаъолияти худро хеле васеъ намуд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ин созмон «дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ омили муҳими сиёсати минтақавӣ ва глобалӣ гардид, ки ба равандҳои ҷаҳонӣ таъсири мусбат мерасонад» ва «фаъолияти он манфиатҳои ҷории ҳаётӣ ва дарозмуддати стратегии давлатҳои аъзои СҲШ-ро ифода намуда, механизми комилан нави ҳамкории байналмилалиро дар масоили муқовимати комплексӣ ва босамар ба таҳдидҳои муосири амният ва субот ва таъмиқи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ падид овардааст».
Вобаста ба он, ки аз ибтидо таъмини субот ва амният аз масъалаҳои авлавиятноки созмон ба шумор мерафтанд, дар фаъолияти он «Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм ва экстремизм» ва санадҳои дар асоси он қабулшуда нақши муҳим доранд. Ба ин хотир, созмон додани Маркази зиддитеррористии минтақавии СҲШ низ гувоҳи муҳим будани ин самти фаъолияти созмон аст. Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди «се бадӣ» – терроризм, сепаратизм ва экстремизм чун вазифаи меҳварӣ дар кори СҲШ нақши устувор пайдо намуд. Дар баробари ин, тадриҷан бо ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ самтҳои зиёде ба фаъолияти созмон илова гардида, барои сохторҳои гуногуни давлатҳои аъзо майдони ҳамкорӣ ба вуҷуд меоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё