Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Маълум аст, ки дар баробари мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ сабабҳои зуҳури онҳоро аз байн бурдан зарур аст. Аз ин лиҳоз, таъмини амнияту субот ба ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ вобастагии зич дорад. Ин масъала дар СҲШ фаҳмиши дуруст пайдо кардааст ва ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодӣ, дастгирии давлатҳои аъзо ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, ҳангоми амалӣ намудани лоиҳаҳо ба хотири таъмини амнияту субот аҳамияти ҷиддӣ касб кардаанд. Ин нуктаро ёдрас шуда, Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд, ки «амният ва иқтисод бояд дар оянда низ чун шаҳсутунҳои СҲШ боқӣ монанд», зеро «бо такя ба онҳо метавон муассирияти фаъолияти Созмонро таъмин кард ва худи онро ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон созгории зарурӣ дод».
Пас аз таъсисёбии СҲШ эҳёи Роҳи бузурги абрешим низ тариқи сохтмони шохаҳои зиёди роҳҳои оҳану мошингард, ки давлатҳои минтақаро ба ҳам мепайванданд, сол то сол доман паҳн мекунад. Роҳбари давлат чунин шабакаро барои кишвари кӯҳии Тоҷикистон, ки то қарибӣ дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт ва ҳатто минтақаҳои алоҳидаи он дар фасли зимистон аз марказ бурида буданд, дорои аҳамияти ҳаётан муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки «мо азми қавӣ дорем барои барқарор сохтани симои нави имрӯзаи Роҳи бузурги абрешим аз ҳамаи роҳу воситаҳо истифода барем».
Роҳбари давлат дар муносибатҳои Тоҷикистон бо СҲШ чанд самтеро ҳамчун афзалиятнок мушаххас кард, ки яке аз онҳо соҳаи амнияти минтақавӣ буда, дар он мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва қочоқи маводи мухаддир аҳамияти хос дорад. Ба хотири таъмини муборизаи муштарак бо қочоқи маводи мухаддир Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба таъсис додани Маркази зидди маводи мухаддир дар чаҳорчӯби СҲШ таклиф пешниҳод карда буд.
Таъмини фаъолияти доимӣ ва босамари роҳҳои нақлиётии миёни Тоҷикистону Хитой, инчунин ширкат дар бунёди роҳҳои трансмиллии пайвасткунандаи Афғонистон, Покистон ва Эрон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон чун самти дигари муҳими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СҲШ муайян гардид.
Роҳбари давлат туризмро низ ба шумори самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои СҲШ шомил кардааст. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистон қодир аст дар оянда ба яке аз марказҳои туризми кӯҳӣ ва экологӣ дар чаҳорчӯби СҲШ табдил шавад».
Самти дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат қарор дошт, истифодаи таҷрибаи Хитой дар бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад, ки ба андешаи ӯ «дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ аҳамияти калон дорад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё