Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Роҳбари Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай низ роҷеъ ба қазияи Афғонистон масъалагузорӣ намуда, таваҷҷӯҳи сарони давлатҳои аъзоро ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дарёфти роҳҳои ҳалли он ҷалб намуд. Ин мавзӯъ аз ҷониби сарони давлатҳо дастгирӣ ёфт ва соли 2005 Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» таъсис шуд.
Баъдтар Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буд, ки «расонидани кумак ба Афғонистони бо мо дӯст дар бобати табдил додани он ба давлати устувору обод, ки рушди иқтисодии худро бе истеҳсоли маводи нашъадор таъмин карда тавонад, ба манфиати ҳамаи мо мебошад»
ва «Созмони ҳамкории Шанхай метавонад ва бояд дар ҳалли ин масъала нақши мусбат бозад».
Роҳбари давлат ба фаъолияти СҲШ баҳои баланд дода, зикр намуда буд, ки «давлатҳои муассис дар оғози ҳазорсолаи нав Созмони ҳамкории Шанхайро ташкил карда, роҳи ҳақиқатан муҳими стратегиеро пеш гирифтанд, ки давраи гузариши ҳамкории моро ба давраи сифатан нави рушд ифода карда, ба таҳдидҳо, зуҳурот ва тамоилоти марҳалаи имрӯза ҷавоб дода метавонист» ва «ин як навъ ҷавоби сазовор ва арзанда ба таҳдидҳои асри XXI мебошад».
Ҳамин тариқ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой заминаи устувор гузошта, ривоҷ додани ҳамкориҳоро бо ин кишвари ҳамсоя ва дӯст ба шумори авлавиятҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ворид кардааст.
Моҳи марти соли 1993, ҳангоме, ки Роҳбари давлат бори нахуст бо сафари расмӣ ба Хитой ташриф овард, миёни ду кишвари ҳаммарз ҳатто роҳи мустақими рафтуомад набуд ва тоҷирон тавассути кишварҳои сеюму чорум муомилоти тиҷоратии худро анҷом медоданд. Ҳоло бошад тавассути роҳҳое, ки дар давоми камтар аз даҳ соли охир сохта шуданд, ҳар рӯз садҳо мошин сарҳадро убур мекунанд. Роҳҳое, ки бо ҷониби Хитой муштаракона сохта мешаванд, дар дохили ҷумҳурӣ мушкилоти зиёдеро аз миён бардоштанд, хатҳои интиқоли барқ шабакаи ягонаи барқи ҷумҳуриро ба вуҷуд оварданд.
Кӯшишу талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозӣ намудани муносибатҳои наздики дӯстона ва бародарона бо Хитой ба нафъи ду кишвар самараи зиёд меоварданд ва ҳарду ҷониб ҳам мӯътақид бар он ҳастанд, ки барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд. Роҳбари давлат бо ишора ба дастгирии Хитой дар амалӣ намудани лоиҳаҳои ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ шеваи ҳамкории кишвари бузурги дӯсту ҳамсояро намунаи ҳусни ҳамҷаворӣ номида, изҳори омодагӣ намудааст, ки «бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳама арсаҳо, аз ҷумла, дар бахшҳои иқтисод, иттилоот, илм ва техника ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро рушду густариши тоза бахшем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё