Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳамкорӣ бо кишварҳои дигари Осиё низ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосаи худро дорад.
Дар минтақаи Осиё, ки сатҳи рушди кишварҳояш гуногун аст, Тоҷикистон сол то сол доираи робитаҳояшро қавӣ гардонида, дар баробари ривоҷ додани табодули мол бо давлатҳои алоҳида, ҷалби сармояро ба иқтисоди худ тавсеа мебахшад. Сатҳ ва мазмуну мундариҷаи ҳамкориҳо бо ин кишварҳо гуногун аст. Агар Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият бо Афғонистон, Эрон, Хитой, Туркия, Покистон ва Ҳиндустон барин кишварҳо муносибатҳои ҳамёриро ба роҳ монда бошад, пас бо кишварҳои арабӣ робитаҳои фаъол аз соли 2007 шурӯъ шуданд, муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи ҷанубӣ-шарқӣ ва ҳавзаи уқёнуси Ором бошад дар ҳоли ташаккул ҳастанд. Дар ҳар сурат, ҷумҳурӣ бо даст додани имкони муносиб сатҳи ҳамкорию муносибатҳояшро бо ин кишварҳо тақвият мебахшад. Дар баробари ин, Тоҷикистон чун кишвари осиёӣ, аз ҷумла, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти минтақа низ саҳмгузор бошад.
Ҷумҳурии Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз шарикони афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг, сохтмон ва меъморӣ ҳамкориҳо самарабахш идома доранд. Ҳамкорӣ ва дастгирии доимии ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва форумҳо, хусусан дар доираи ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид мусбат арзёбӣ мегарданд.
Соли 1992 Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд, моҳи декабри соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара ифтитоҳ гардид. Инчунин соли 2011 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул ба кор шурӯъ кард.
То ба имрӯз зиёда аз 50 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд.
Дар ин давра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркия 6 маротиба боздидҳои расмӣ ва корӣ ҷараён дод, ки онҳо моҳи майи соли 1996, октябри соли 1998, ноябри соли 1999, январи соли 2006, марти соли 2009 ва декабри соли 2010 сурат гирифтаанд.
Дар навбати худ Президенти Туркия 3 бор – сентябри соли 1995, ноябри соли 2001 ва майи соли 2009 ба Тоҷикистон бо сафарҳои расмӣ ва корӣ ташриф овардааст.
Мавқеи ду кишвар нисбат ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ наздик ва ё яксон мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар дигар сатҳҳо низ мунтазам тамос мегиранд, инчунин дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории зич ба роҳ мондаанд.

пешина
аз 228
навбатӣ