Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Моҳи апрели соли 1996 дар Душанбе дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (ТІКА) ифтитоҳ гардид.
Дар соҳаи маориф бо иттиҳодияи литсейҳои хусусии Туркия «Озал Шалола» ва «Измир» созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъсис додани шабакаи литсейҳо дар Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки мувофиқи он дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Турсунзода шаш литсейи муштараки тоҷикию туркӣ кушода шудаанд.
Мубодилаи мол байни ду кишвар дар соли 2011 назар ба соли 2010 дар қиёс 142 фоизро ташкил дода, ба 620 млн. доллари ИМА расид, ки аз он воридот ба 544 млн. ва содирот ба 75 млн. доллари ИМА баробар шудааст.
Ширкатҳои сохтмонии туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон паймонкори сохтмони биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, инчунин роҳҳои автомобилгард мебошанд.
Таъмини сулҳу субот дар минтақа яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва аввалиндараҷаи муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба шумор рафта, истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми байналмилалӣ самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон маҳсуб мегарданд. Дар ин ҷода дар натиҷаи муколама ва вохӯриҳои доимӣ дар сатҳҳои гуногун, тавассути ташаббусҳои фаъоли дипломатӣ ва қадамҳои устувор, муваффақиятҳои судбахши дуҷониба ба даст омадаанд.
Дар таърихи бистсолаи муносибатхои байни ду кишвар панҷ сафари расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (моҳи марти соли 1994, октябри соли 1996, июни соли 2002, июли соли 2009 ва марти соли 2011) ва се ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи июли солҳои 2002, 2009 ва марти 2012) ба вуқӯъ пайвастаанд.
Зимни ин сафарҳо ва мулоқотҳои сарони ду кишвар музокироти пурмуҳтаво анҷом ёфта, имзои зиёда аз 30 санаде, ки пояи қарордодӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Покистонро ташкил медиҳанд, сурат гирифтааст.
Ҷониби Покистон ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва интиқоли нерӯи барқи арзон аз Тоҷикистон аҳамияти калон дода, иброз медорад, ки омода аст дастрасии Тоҷикистонро ба шабакаҳои нақлиётию транзитии худ, аз ҷумла, бандарҳои баҳрӣ осон гардонад.
Бояд қайд кард, ки татбиқи тарҳҳои бузурги энергетикӣ, бахусус кашидани хати баландшиддати барқ, ки нерӯи барқи арзони кишварҳои Осиёи Марказиро ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ интиқол дода, бо номи САSА-1000 машҳур аст, барои пешрафти ин кишварҳо саҳми арзанда хоҳад гузошт.

пешина
аз 228
навбатӣ