Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Таҷриба нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳанӯз ҳам дорои потенсиали зиёди истифоданашудаи ҳамкорӣ буда, он метавонад дар оянда ба манфиати мардумони ҳарду кишвар истифода бурда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ду кишвари ба ҳам дӯст буда, онҳоро муштаракоти фарҳангиву таърихӣ аз замонҳои қадим ба ҳам мепайвандад. То ба имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон се маротиба – солҳои 1993, 1995, 2001 сафари расмӣ ва солҳои 2006 ва 2012 ду сафари давлатӣ анҷом додааст. Зимни ин сафарҳо якчанд созишномаву санадҳо дар бахшҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисод ва тиҷорат, тиб (дорусозӣ), тандурустӣ, кишоварзӣ, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва илму технология ба имзо расидаанд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба замина гузоштанд.
1-4 сентябри соли 2012 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон баргузор шуд, ки дар рафти он Роҳбари Тоҷикистон бо Президент ва Сарвазири Ҳиндустон мулоқот намуд. Аз рӯи натиҷаи сафар 12 санад дар самтҳои асосии ҳамкорӣ ба имзо расид.
Айни замон муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро 46 ҳуҷҷати дуҷонибаи байнидавлатӣ ба танзим медарорад.
Лозим ба ёдоварист, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон рӯ ба пешравӣ доранд. Байни соҳибкорони ду кишвар тамоси мустақим барқарор карда шудааст. Дар заминаи ин ҳамкориҳо якчанд анҷумани соҳибкорон доир шуданд, ки барои тақвияти муносибатҳо дар ин раванд такони тоза бахшиданд.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо кишвари дигари осиёӣ – Япония дар арсаи байналмилалӣ дар сатҳи баланди боварӣ ва дастгирии судманд арзёбӣ мегарданд.
Тоҷикистон ва Япония дар пойтахтҳои ҳамдигар намояндагиҳои дипломатии худро таъсис дода, робитаҳои мутақобилан судманд ба роҳ мондаанд.
Дар тӯли муносибатҳои дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Япония ду сафари корӣ (14-17 майи соли 2001, 17-
19 марти соли 2003) ва як сафари расмӣ (2-6 декабри соли 2007) анҷом додааст, ки барои рушд, таҳким ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар такони ҷиддӣ бахшидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи боздидҳои худ аз Япония ду маротиба бо Императори Япония Акихито мулоқот анҷом додааст.
Мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазир ва дигар намояндагони воломақоми Япония дар ҳошияи ҳамоишҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар кишварҳои гуногуни дунё доир гашта, самараи зиёд ба бор овардаанд.

пешина
аз 228
навбатӣ