Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Тоҷикистон ва Япония дар баррасии масъалаҳои зиёди глобалии муосир, аз ҷумла, вобаста ба об ва санитария ҳамкории судбахш ба роҳ монда, ташаббускорони асосӣ дар ин мавзӯъ ба шумор мераванд.
Иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии бахшида ба оби тоза (17-19 марти соли 2003 дар шаҳри Киото) ва дар Ҳамоиши нахустини кишварҳои Осиёву уқёнуси Ором бахшида ба об (2-3 декабри соли 2007 дар шаҳри Беппу) аз он шаҳодат медиҳад.
Иқдоми Япония вобаста ба таҳкими Муколамаи сиёсии «Осиёи Марказӣ + Япония», ки якумин ҷаласаи он соли 2004 дар шаҳри Остона баргузор гардидааст, тавассути ҳамкориҳои минтақавӣ аз таваҷҷӯҳи хоси ҷониби японӣ ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳад. Муколамаи мазкур ба 5 сутуни асосӣ: муколамаи сиёсӣ, ҳамкории дохилии минтақавӣ, инкишофи тиҷорат, муколамаи зеҳнӣ, муносибатҳои фарҳангӣ ва табодули инсонӣ такя менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳамаи чорабиниҳои дар чорчӯбаи Муколамаи мазкур анҷомёфта, бо пешниҳодҳои мушаххас иштирок намудааст.
Мардуми Тоҷикистон кумакҳои молию техникии Японияро пайваста эҳсос менамояд. Кумакҳои мазкур хусусан дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ дар вазъи ноороми Тоҷикистон аҳамияти калон доштанд. Айни ҳол кумаки молию техникии Ҳукумати Япония ба Тоҷикистон тавассути Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) бештар ба соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мешавад.
Дар доираи кумакҳои техникиву молиявии Япония дар Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои гуногуни соҳаи иҷтимоӣ, алалхусус 2 лоиҳаи афзалиятнок барои Тоҷикистон – бозсозии роҳи автомобилгарди Қурғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи Поён ва бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ татбиқ мегарданд.
Тоҷикистону Япония дар доираи лоиҳаи барқарорсозии иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Афғонистон низ ҳамкориҳои судманд доранд.
Бо вуҷуди муносибатҳои неки дӯстӣ ва ҳамгироии босамари минтақавӣ ва байналмилалӣ, муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Корея ҳанӯз дар ҳоли ташаккул ва оғози рушд қарор доранд.
Ҷумҳурии Корея намояндагии худро дар шаҳри Душанбе соли 2008 боз намуд. Айни ҳол аз ҷониби Корея масъалаи табдили намояндагӣ ба Сафорат баррасӣ шуда истодааст, ки ин барои густариши муносибатҳои дуҷониба нақши арзанда хоҳад гузошт.
Тоҷикистону Корея дар масъалаҳои глобалии байналмилалӣ мавқеи наздик ва монанд доранд. Ду кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, хусусан СММ ва сохторҳои он ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё