Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва уқёнуси Ором дар давоми солҳои 1992-1999 барқарор карда шудаанд. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои пешрафти ҷумҳурии мо аҳамияти хоса доранд. Дар муддати бист соли истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон тавонист, ки бо аксарияти давлатҳои дуру наздики Осиё муносибату ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар самтҳои гуногуни иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, маориф натиҷаҳои муайянро соҳиб шавад.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам (18 январи соли 1999) ва мулоқоти ӯ бо Президент Чан Дик Лионг дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистон бо ин кишвар рӯйдоди муҳим буда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба такони ҷиддӣ бахшид. Дар рафти боздиди расмӣ панҷ ҳуҷҷати дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташвиқу ҳимояи сармоягузориҳо ва ҳамкориҳои илмиву техникӣ ба имзо расид, ки асоси ҳуқуқӣ ва қарордодии муносибатҳои миёни ду кишварро муайян менамоянд.
Рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар 9-10 августи соли 2005 ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни сафар дар мулоқотҳои роҳбарони ду давлат доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, ки барои ҳар ду тараф дорои аҳамиятанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Санадҳои имзошуда заминаи ҳуқуқиву шартномавиро барои рушди минбаъда ва вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои самарабахш байни ду кишвар фароҳам сохтанд. Айни замон, ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар густариш меёбанд.
Тӯли ин солҳо вохӯриҳо дар сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия, ки дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои байналхалқӣ баргузор мегардиданд ва ба муносибатҳои дуҷониба такони тоза мебахшиданд.
Зимни мулоқотҳо усулҳо дар раванди қавӣ гардонидани муносибатҳо ва таҳияи асосҳои ҳуқуқии он мувофиқа шуда, аз тарафи ҳар ду ҷониб як қатор лоиҳаҳои созишномаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, туризм ва илму техника мавриди баррасӣ қарор доранд.
Моҳи октябри соли 2003 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Куала-Лумпур маросими ифтитоҳи расмии Намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Малайзия баргузор гардид, ки дар робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар воқеаи муҳим арзёбӣ мешавад.

пешина
аз 228
навбатӣ