Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ва ин «имконият медиҳад, ки сатҳи сазовори зиндагиро ба мардумони кишварҳоямон таъмин намоем ва бад-ин васила ҳалли бештари масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми мусулмонро дарёбем».
Роҳбари давлат ба ҷойгоҳи дини ислом ишора намуда, суол гузошт, ки «чаро тоифае номи дини мубини исломро бад мекунад, дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ сари мусулмононро хам мекунад?» Ӯ пешниҳод намуд, ки «мо бояд барои обрӯйи исломро баланд бардоштан тадбирҳои ҳамоҳанги самаранок андешем».
Масъалаи дигаре, ки Эмомалӣ Раҳмон диққати иштирокчиёни саммитро ба он ҷалб намуд, вазъи Афғонистон буд. Ӯ бо ишора ба «таҷрибаи талхи ҷанги ҳамватании» Тоҷикистон зикр намуд, ки «ба ҳеҷ ваҷҳ ҳалли мушкилии бавуҷудомадаи мардуми Афғонистонро ба роҳи зӯрӣ ва яроқ намехоҳем». Э. Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки «мардуми Афғонистон дар ниҳояти кор роҳи созгории дихилиро пеш мегирад ва баҳри обод кардани кишвари худ мекӯшад».
Эмомалӣ Раҳмон мавқеъгирии Тоҷикистонро нисбати ҳодисаҳои ҷаҳони исломӣ махсус таъкид намуд. Ӯ иброз дошт, ки «Ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳи хос ба рафти ҳодисаҳои сиёсии ҷаҳони мусулмон менигарад ва ҳамчун узви ин созмони муътабар мекӯшад, то дар ҳалли ин мушкилиҳо саҳм бигирад». Ӯ ҳозиринро мӯътақид сохт, ки Тоҷикистон «зимни густариши минбаъдаи равобити фарҳангӣ, илмӣ ва таълимӣ бо кишварҳои узви ин созмон дар ғанӣ гардондани фарҳанги мардуми мусулмон саҳми босазое хоҳад гирифт». Роҳбари давлат илова намуд, ки «тоҷикон дар инкишоф ва рушди тамаддуни исломӣ нақши муҳиме бозида буданд, аммо шароити кунунӣ тақозои онро мекунад, ки мо набояд бо фахри гузаштагони худ иктифо варзем, баръакс, бикӯшем, то ифтихори наслҳои оянда шавем».
Он вақт дар Касабланка бо истифода аз фурсати муносиб Роҳбари Тоҷикистон ба он ноил шуд, ки бо роҳбарони як қатор давлатҳое, ки дар СКИ нақши муҳим доранд, аз ҷумла, шоҳи Марокаш Ҳасани II, Президенти Миср Ҳусни Муборак, Президенти Туркия Сулаймон Демирел, Сарвазири Покистон Беназир Бхутто, амири Кувайт шайх Ҷобир ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ мулоқотҳо баргузор намуда, оид ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва олами ислом табодули назар анҷом диҳад.
Бояд зикр намуд, ки иштироки нахустини Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар саммити СКИ ва мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони соири кишварҳои узв барои эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони ислом нақши калидӣ бозид.
Роҳбари Тоҷикистон он масъалаҳоеро, ки дар ин ҳамоиши сатҳи олӣ ба миён гузошта буд ва барои минтақаи созмон аҳамияти хоса доштанд, инчунин дигар мушкилоти рӯзмарраро дар саммитҳои минбаъда ва форумҳои гуногуни байналмилалӣ мавриди ибрози назар қарор дод, ки баъзе аз онҳоро зикр кардан бамаврид аст.

пешина
аз 228
навбатӣ