Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Якум. Ба роҳ мондани ҳамкорию ҳамбастагии пурсамари кишварҳои мусулмонии ҷаҳон, ки ба фармудаи қуръонии «мӯъмин бародари мӯъмин» асос ёфта бошад. Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯъро ба сифати муҳимтарин вазифаи Тоҷикистон дар фаъолияти Созмон борҳо аз минбарҳои саммитҳои СКИ мавриди муҳокима қарор дода буд.
Сарвари давлат ба ин хотир пешниҳоду андешаҳои муфидеро ба миён гузошт, ки мавриди истиқболи хуш ва пуштибонии иштирокчиёни сершумори саммитҳо қарор гирифтанд. Миёни онҳо ба масъалаҳои зерин ишора кардан мумкин аст:
- Таҳия ва қабули Барнома ва Стратегияи дарозмуддати рушди кишварҳои исломӣ,
- Таъсиси Бунёди рушди илм ва фанновариҳои навин бо шабакаи васеъ ва фаъол дар саросари ҷаҳони ислом;
- Таҳияи Консепсияи ягонаи мукаммал ба манзури ҳамоҳангӣ ва фаъолияти дастҷамъии давлатҳои аъзо ба муқобили хатару таҳдидҳои муосир.
Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 роҷеъ ба дурнамои фаъолияти СКИ чунин зикр карда буд: «Ба асри XXI дохил шуда истода, мо ба замони оянда бо назари нек менигарем ва боварӣ дорем, ки Созмони Конфронси исломӣ минбаъд ба сохтори муҳими минтақавӣ барои ҳал кардани масъалаҳои насли нав ба мақсади таъмин намудани тараққиёти устувор ва шукуфоии кишварҳоямон табдил меёбад».
Дуюм. Ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ ва исломӣ дар пасманзари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва кӯшишҳои муқобилгузории тамаддуни деринаи Шарқу Ғарб. Роҳбари давлат борҳо ба ин мавзӯъ аҳамият дода, аз ҷумла, зимни суханрониаш дар Маҷлиси тантанавии Анҷумани шашуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ки 8 сентябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, зикр намуд, ки «баъзе иқдомоту кӯшишҳои ғаразноки тамаддунҳои деринаи Шарқу Ғарбро ба ҳам муқобил гузоштан ва дар ҳамин замина ба бархӯрди тамаддунҳо мусоидат намудан аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор авҷи тоза мегирад», «таҳқири арзишҳои олии инсонӣ, бозӣ кардан бо эҳсосоти пайравони динҳои мухталиф, афрӯхтани оташи нафрату хусумат дар миёни мӯътақидон ва бо ҳамин васила дину тамаддунҳоро муқобили ҳам гузоштан, бешак, ба нақшаҳои тарҳрезикардаи иғвогарон мусоидат менамояд». Ба хотири ҷилавгирӣ кардан аз чунин зуҳуроти манфӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати андешидани тадбирҳои зеринро таъкид намуд:
а) Барои рушди тамаддуни умумибашарӣ бояд аз ҷавҳари фарҳанг, илму маърифат, ҳикмату фалсафаи олӣ, ахлоқу одоби ҳамида, арзишҳои волои динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дини ислом истифода бурда шавад; б) Беҳтарин дастовардҳои тамаддуни ҷаҳониро ҳамқадами замони муосир карда, онҳоро барои ғанитар намудани ҷаҳони маънавӣ, солимгардонии ахлоқ, одоб, суннат, фарҳанг ва дигар арзишҳои иҷтимоӣ равона сохтан лозим; в) Ақидаҳои ғаразноку бардурӯғеро, ки динҳои асили ҷаҳониро бо зуҳуроти террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ тавъам месозанд, инкор намуда, ниҳоду созмонҳоеро, ки дар зери ниқоби ислом мақсаду ҳадафҳои худро думболагирӣ мекунанд, фош сохта, бо онҳо мубориза бурдан даркор ва роҳ додан лозим нест, ки симои поку муқаддаси исломро доғдор намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё