Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
г) Собит сохтан лозим, ки ислом одобу ахлоқи ҳамида, покизагии маънавӣ, сулҳу осоиш, сабру таҳаммул, инсондӯстӣ ва инсонгароӣ барин арзишҳои олиро талқин менамояд ва амалҳои нангину хунрезиро аз қабили куштор, зӯроварӣ ва бадбиниву хушунат қатъиян маҳкум месозад.
Роҳбари давлат иброз дошт, ки «ин гуфтаҳо тарғибу таҳмил ва таҷассуми бартарияти арзишҳои дини ислом бар динҳои дигари ҷаҳонӣ нест», балки «ин даъватест барои эҳтирому аҷргузорӣ ба тамаддуне, ки беш аз як миллиарду сесад миллион нафар сокинони сайёра пайравиаш мекунанд».
Ҳамин тариқ, дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоштани обрӯи ислом, ҷудо кардани терроризм аз ислом, ки вақтҳои охир бар асари тафриқа чунин вонамуд карда мешавад, ба яке аз мавзӯъҳои муҳими масъалагузориҳои Роҳбари Тоҷикистон табдил ёфт.
Сеюм. Ҷилавгирӣ намудан аз хатару чолишҳои ҷаҳони муосир.
Ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат қарор дошт.
Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, зимни суханронии худ дар иҷлосияи IX мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви СКИ, ки 13 ноябри соли 2000 дар Давҳа (Қатар) баргузор шуда буд, таъкид намуд, ки «барои кишварҳои мо ва умуман барои ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризми байналмилалӣ, низоъҳои минтақавӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тақвият гирифтани тамоюлҳои ифротгароӣ, ки ба андозаи қобили мулоҳиза минтақаи фаъолияти Созмони Конфронси исломиро фаро мегиранд, доираи васеи хавфу хатарро ташкил медиҳанд». Ӯ таъкид дошт, ки ин омилҳои хатарнок, аз қабили тамоюли ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ низ хавфи фавқулода калон доранд, ба амният ва суботи минтақа таҳдид карда, ба манфиатҳои миллии кишварҳо зарари ҷиддӣ мерасонанд, ҳамчунин асосҳои мавҷудияти худи давлатҳоро хароб мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки чунин зуҳурот «мутаассифона, бештар таҳти шиорҳои исломӣ зуҳур мекунанд ва дар асл бо ҳадафҳои волои таълимоти исломи ҳақиқӣ, ки ба сулҳдӯстӣ, созандагӣ ва таҳаммул ҳидоят мекунанд, ҳеч умумияте надоранд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё