Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Чорум. Истифода аз имкониятҳои созмон ба хотири таъмини рушди устувори Тоҷикистон. Роҳбари давлат бо назардошти вазъи душвори ҷумҳурӣ дар чанд саммити Созмон ва гуфтушунидҳои алоҳида ин мавзӯъро мавриди таваҷҷӯҳи ҳозирин гардонда буд. Дар натиҷа ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СКИ дар Куала-Лумпур дар бораи расонидани кумаки иқтисодӣ ба Тоҷикистон ба мақсади рафъи мушкилоти иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои барқароркунии баъдиҷангии иқтисодӣ қарор қабул кард.
Дар ин замина Тоҷикистон бо ҳидоят ва ташаббуси Сарвари худ ҳамчунин бо зерсохтор ва институтҳои СКИ ҳамкории фаъолро ба роҳ монд.
Дар ҷараёни ҷаласаи 21-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СКИ, ки 25 апрели соли 1993 дар Исломобод баргузор гардид, Тоҷикистон низомномаи Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО)-ро имзо карда, ба он шомил шуд. Натиҷаи ҳамкориҳои зичи Тоҷикистон бо ИСЕСКО пойтахти фарҳанги исломӣ дар қитъаи Осиё эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2010 мебошад. Дар ин робита бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд, аз ҷумла:

  • дар сатҳи умумимиллӣ баргузоршавии ҷашнвораҳои абармардони фарҳангу рисолати исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ, Имом Бухорӣ;
  • эҳёи ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кӯлобу Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, Рӯшону Мӯминобод;
  • тарҷума ва нашри Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадя ба ҳар хонадон, нашри осори бузургони ҷаҳони ислом;
  • Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намудани соли 2009;
  • ба таъминоти давлатӣ гузаронидани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон;
  • оғози корҳо оид ба бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва тадбирҳои дигар барои ҳимоя ва густариши арзишҳои волои исломӣ ва ҳифзи сарватҳои маънавии ниёгон дар кишвар.
    Тоҷикистон дар сохтори дигари СКИ – Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ (КОМСЕК), ки таҳти раёсати Туркия фаъолият мекунад, муваффақона кор мебарад. Дар ҷаласаҳои 14- 24-уми Конфронси ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ лоиҳаҳои қатъномаҳои КОМСЕК доир ба кумаки иқтисодӣ ба Тоҷикистон қабул гардиданд.
пешина
аз 228
навбатӣ