Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ҷаласаи 21-уми Шӯрои мудирони Бонки рушди исломӣ (БРИ), ки 25-26 ноябри соли 1996 дар Конакри ( Гвинея) гузашт, бо қарори Шӯрои мудирон Тоҷикистон аъзои доимии он интихоб шуд. Бонки рушди исломӣ дар расонидани кумаку ёрии иқтисодӣ ба Тоҷикистон нақши арзанда бозидааст. Ин бонк ягона муассисаи махсусгардонидашудаи СКИ мебошад, ки саҳмгузории арзандаи худро дар кори азнавсозии иқтисодии Тоҷикистон идома медиҳад.
Панҷум. Мусоидат ба ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон ва таъмини сулҳу субот дар ин кишвар. Доир ба ин мавзӯъ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо ва масъалагузориҳо нақши давлатҳои исломиро дар раванди ба эътидол овардани Афғонистон дар ду самт таъкид карда буд. Яке, дастгирии бевоситаи сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон ба хотири таъмини ҳаёти мӯътадили мардуми он буда, самти дигар кор бо ҳаракати «Толибон» ва дигар қувваҳоест, ки сабабгори нооромиҳои ин кишвар гардидаанд.
Бояд зикр намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалагузориҳо кӯшиш ба харҷ медод, ки Тоҷикистон низ дар фаъолияти СКИ нақши муассир дошта бошад. Ҳамин буд, ки дар натиҷаи ин фаъолияти муваффақона бори аввал дар таърихи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ яке аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалии Созмони Конфронси исломӣ – ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви он таҳти шиори «Бо назари ҳамоҳанг барои амният ва шукуфоии ҷаҳони ислом»
рӯзҳои 18-20 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, раёсати даврии яксолаи ин Шӯро ба ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор карда шуд. Дар кори ин ҷаласа беш аз 100 ҳайати гуногунпоя, аз ҷумла,
57 ҳайати кишварҳои узви Созмон, 5 ҳайати кишварҳои нозир, ҳайатҳои созмонҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ ва меҳмонон иштирок карда, доираи васеи масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, илмию технологӣ ва фарҳангию иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, маъмурию молиявӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳоро баррасӣ ва роҷеъ ба онҳо қарору қатъномаҳои дахлдор қабул карданд. Аз ҷумла, қатъномаҳои ШВКХ дар хусуси чунин масъалаҳои умдаи дар назди СКИ истода, ба монанди вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Фаластин, Ироқ ва Афғонистон, вазъияти ақаллиятҳои мусулмон дар кишварҳои ғайри аъзои СКИ, татбиқи Барномаи даҳсолаи амал қабул гардиданд. Илова бар ин, бо иштироки фаъоли кишварҳои узв дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва олами ислом: Нигоҳи стратегӣ ба ҳамраъйӣ» ҷаласаи махсус баргузор гардид. Дар фароварди ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ иштирокчиёни он ба ҳайси санади расмии СКИ Эъломияи хотимавиро қабул карданд, ки хулосаҳои калидии ин ҷаласаро инъикос менамояд.

пешина
аз 228
навбатӣ