Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Роҳбари давлат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманди Тоҷикистонро бо кишвархои Аврупо таъмин намояд. Ба хотири тақвияти ҳамкориҳо ва таъмини тамосҳои доимӣ соли 2001 Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел ифтитоҳ гардид, ки он ҳамзамон ҳамчун Намояндагии ҷумҳурӣ дар Иттиҳоди Аврупо фаъолият мекунад.
Шоистаи зикр аст, ки ин таваҷҷӯҳи Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳо беҷавоб намонд. Соли 2001 намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон (бо иқомат дар Алмато) ифтитоҳ гардид.
Ҳамон сол аввалин вохӯрии Кумитаи муштараки Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон дар Брюссел барпо гардид, ки барои густариши робитаҳо хеле муҳим ба шумор меравад. Кумитаи мазкур вохӯриҳои худро бо навбат дар Брюссел ва Душанбе баргузор намуд, ки дар рафти онҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Роҳбари давлат кӯшиш бар он дошт, ки дар робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ авлавият пайдо намояд. Имзо шудани ҳуҷҷати асосӣ дар муносибатҳои дуҷониба – Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо 11 октябри соли 2004 дар рафти сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Люксембург барои густариши ҳамкориҳо аҳамияти махсус дошт. Ба сабаби он, ки Созишномаи имзошударо бояд ҳамаи парлумонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ба тасвиб мерасониданд ва ин вақти муайянро талаб мекард, Созишномаи муваққатӣ оид ба тиҷорат ва масъалаҳои тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон имзо гардида, моҳи майи соли 2005 эътибор пайдо намуд.
Моҳи майи соли 2004 Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид. Соли 2009 Намояндагии Комиссияи Аврупо ба Намояндагии Иттиҳоди Аврупо табдил ёфта, моҳи январи соли 2010 аввалин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар сатҳи сафир ба фаъолияти худ шурӯъ намуд.
Бо таъйин шудани Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ аз соли 2005 ҷониби Тоҷикистон бо Намояндаи доимӣ (дар ин вазифа Ян Кубиш ва Пйер Морел кор карданд) робитаи доимӣ барқарор намуда, муносибатҳоро тақвият мебахшид.

пешина
аз 228
навбатӣ