Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Соли 1996 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена ба кор шурӯъ карда, пас аз як сол ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Австрия таъйин шуд.
Сарфи назар аз он ки вазъи Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус овардани сармояи кишварҳои аврупоӣ носозгор ба назар мерасид, кишварҳои алоҳида ба чунин самти фаъолият таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд ва ин буд, ки соли 1994 яке аз нахустин корхонаҳои муштарак – комбинати тиллобарории «Зарафшон» бо иштироки сармояи Британияи Кабир дар минтақаи Зарафшон ба фаъолият шурӯъ кард.
Барои оғоз ёфтани давраи дуюми ҳамкориҳо (шурӯъ аз соли 2001) ду омили асосӣ боис гардид. Якум, таъмини сулҳу осоиштагӣ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки барои роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои гуногунҷанба шароит фароҳам овард. Дуюм, вазъияти пешомада пас аз амалҳои террористӣ дар шаҳрҳои Вашингтону Ню- Йорк, ки ИМА ва шарикони онро дар НАТО ба мубориза бар зидди терроризм дар Афғонистон бархезонд.
Бояд зикр намуд, ки Роҳбари давлати Тоҷикистон аз вазъияти Афғонистон, ҳолати ҳукумати расмӣ ва амалҳои ҳаракати Толибон ба хубӣ огаҳӣ дошт ва тайи чанд сол ҷомеаи ҷаҳониро барои кумак ба халқи афғон ва мусоидат намудан дар эътидоли вазъи ин кишвари ҷангзада даъват мекард. Ҳамин буд, ки бо оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон дар тирамоҳи соли 2001 муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо хусусияти нав касб карданд. Тоҷикистон аз лаҳзаи оғози ин амалиёт дастгирии худро эълон дошт, имконияти истифодаи инфрасохтори заминӣ ва ҳарими ҳавоии худро ба қувваҳои аъзои эътилофи зиддитеррористӣ пешниҳод намуд.
Бо назардошти аҳамияти сиёсӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон баъд аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон моҳи ноябри соли 2001 Фаронса ва моҳи декабри ҳамон сол Британияи Кабир дар Душанбе сафоратҳои худро кушоданд. Ба дунболи ин соли 2003 дар Душанбе Идораи раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Шветсия дар соҳаи рушд (SIDA) ифтитоҳ гардида, соли 2004 дар асоси он намояндагии сафорати Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Роҳбари давлат дар ин марҳила низ ба густариш ва таҳкими робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекард. Ӯ Иттиҳоди Аврупоро ба сифати шарики муҳими байналмилалии кишвари худ, ки пайваста ба ислоҳоти демократӣ дар кишвар, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои авлавиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии захираҳои об, энергетика, идора намудани сарҳад, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат менамояд, арзёбӣ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё