Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Баҳри возеҳтар намудани муносибатҳои худ бо кишварҳои минтақа дар самтҳои муайян Иттиҳоди Аврупо санади муҳим - «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ»-ро барои баррасӣ ба вохӯрии Тройкаи Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ дар Берлин моҳи июни соли 2007 пешниҳод намуд. Ҳуҷҷати мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Аврупо дар Брюссел таҳти раисии Олмон тасдиқ гардид.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра Роҳбари Тоҷикистон зимни чандин сафари расмӣ ва кории худ ба кишварҳои гуногуни Аврупо масъалаҳои марбут ба рушди муносибату ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, мавқеи кишвари моро миёни ҳамёрони аврупоӣ хеле мустаҳкам намуд. Бахусус сафарҳои расмии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009 ба Брюссел ва мулоқотҳояш бо намояндагони баландмақоми сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, соли 2011 ба Страсбург ва гуфтушунидҳояш бо роҳбарияти Парлумони Аврупо барои таҳкиму тақвияти муносибатҳо аҳамияти калон доштанд.
Имрӯз Тоҷикистон бо соири кишварҳои аврупоӣ, қабл аз ҳама, Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, Австрия, Белгия, Швейтсария, Италия, Лаҳистон, Чехия, Люксембург, Нидерландия, Хорватия, Руминия, Маҷористон, Латвия, Литва ва ғ. дар самтҳои гуногун ҳамкорӣ мекунад ва ин муносибатҳо бо шарофати таваҷҷӯҳи ҳамешагии Роҳбари давлат сол то сол сатҳу сифати беҳтарро соҳиб мешаванд.
Таҳкими равобит бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка. Робитаҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба шумори авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Тавре зикр гардид, таърихи муносибатҳои Тоҷикистонро бо ИМА ба ду давра – то соли 2001 ва пас аз он тақсим кардан мумкин аст.
Дар давраи аввали ҳамкориҳо ИМА истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард ва моҳи марти соли 1992 Сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Бо сабаби нооромиҳо муддате Сафорати ИМА дар Алмаато қарор дошт.
Дар ин марҳила ИМА Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, ёрии гуманитарию техники худро дареғ намедошт.
Дар марҳилаи нахуст муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва маводи мухаддир, мустаҳкам намудани сарҳад, хариду фурӯши одамон, маориф ва ғайра тавсеа пайдо карданд. Қобили қайд аст, ки ҷониби ИМА аз соли 1993 ба амалӣ намудани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ИМА оид ба ҳамкорӣ барои расонидани кумак шурӯъ кард. Ҳаҷми кумакҳое, ки то имрӯз ИМА ба Тоҷикистон манзур намуд, ба 950 млн. доллари ИМА расидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё