Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Қисми зиёди кумаки ИМА ба Тоҷикистон ба воситаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) пешниҳод мешавад.
Агентии мазкур аз соли 1993 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият намуда, дар масъалаи дастгирии соҳаи рушди иқтисод, системаи бонкӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва бизнес, ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, рушди васоити ахбори омма ва низоми додгоҳӣ, баланд бардоштани ихтисоси додгоҳҳо ва ташкил намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми калон мегузорад. Аз соли 1993 барномаҳои зиёд барои паст кардани зарари ҷанги шаҳрвандӣ, офатҳои табиӣ, бӯҳрони озуқаворӣ ва энергетикӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода амалӣ шудаанд.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо ИМА баъд аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон ба тағйироти куллӣ дучор омаданд.
Амалҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ИМА-ро дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм дар Афғонистон қарор дод ва ин амр боиси боз ҳам вусъат ёфтани ҳамкориҳои ду давлат гардид.
Дар ин қарина сафарҳои Вазири мудофиаи ИМА Д. Рамсфелд дар моҳи ноябри соли 2001 ва июли соли 2005, сафари Котиби давлатии ИМА К. Райс моҳи октябри соли 2005 ва сафарҳои чандинкаратаи роҳбарони Фармондеҳии Марказии ИМА ба Тоҷикистон шаҳодати ин дигаргуниҳо дар муносибатҳои дуҷониба ва рушду такомули онҳо мебошанд.
Сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка моҳи декабри соли 2002 аз рӯйдодҳои муҳиме дар муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону ИМА ба ҳисоб меравад. Дар рафти сафари мазкур вохӯриҳои Роҳбари давлат бо Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардиданд. Ин сафар муваффақона анҷом ёфт ва Роҳбари давлат пас аз бозгашт дар бораи таъсис додани Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон фармон имзо кард.
Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо тақвияти самтҳои фаъолияти намояндагии дипломатиаш дар Душанбе тасмим гирифт, ки онро васеъ мекунад. Гуфтушунидҳо оид ба масъалаи ҷудо намудани замин барои сохтмони бинои сафорат соли 2001 бо иштироки коршиносони ҳарду ҷониб оғоз шуданд ва соли 2004 созишномаи дахлдор ба имзо расид. Худи ҳамон сол сохтмони бинои сафорат шурӯъ шуд. Ифтитоҳи расмии бинои нави Сафорати ИМА дар Душанбе бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2006 баргузор гардид.
Лозим ба таъкид аст, ки мубодилаи сафарҳо миёни намояндагони расмии Тоҷикистону ИМА дар солҳои охир зиёд шудааст. Дар баробари робитаҳо дар сатҳҳои гуногун инчунин гузаронидани мулоқоту машваратҳо дар муносибатҳои дуҷониба ба ҳукми анъана даромадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё