Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҷонибҳо баргузор намудани машваратҳои мунтазами сиёсии дуҷонибаро ҷиҳати густариш додани ҳамкорӣ роҳандозӣ намуданд, ки дар онҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳои ду давлат, проблемаҳои суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ислоҳоти демократӣ-иқтисодӣ табодули назар сурат мегирад. Тарафҳо мувофиқ бар он шуданд, ки машваратҳои сатҳи баланд бо навбат дар пойтахтҳои ду кишвар ҳар сол баргузор мегарданд. Байни ҷаласаҳои солона баррасии шашмоҳа ҷиҳати муайян намудани авлавиятҳо ва мониторинги ҷадвали кории мувофиқашуда сурат мегирад. Машваратҳо соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, масъалаҳои иқтисодӣ ва рушдро дар бар мегиранд.
Машваратҳои нахустини сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка моҳи феврали соли 2010 дар Вашингтон, машваратҳои дуюм моҳи апрели соли 2011 дар Душанбе ва машваратҳои сеюм моҳи майи соли 2012 дар Вашингтон баргузор гардиданд. Дар рафти машваратҳо иҷрои Нақшаи корӣ баррасӣ гардида, доираи васеи масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар самтҳои ҳарбӣ, дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мустаҳкам кардани сарҳад, мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир инкишоф ёфта истодааст.
Механизми баргузор намудани гуфтушуниди машваратӣ оид ба нақшаи ҳамкориҳои ҳарбӣ байни Фармондеҳии марказии ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ҳар сол намояндагони кишвари мо дар семинар ва омӯзишу машқҳои ҳарбӣ, ки аз ҷониби америкоӣ ташкил карда мешаванд, иштирок мекунанд. Аз рӯи Барномаи идоракунии содирот ва амнияти сарҳад Ҳукумати ИМА ба мақсади мусоидат намудан ба Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи ҳаставӣ ва мухаддир кумак менамояд. Дар ин самт 7 санади байниҳукуматӣ имзо шудааст ва барномаҳои дахлдор оид ба таҳияи кадрҳо, таъминкунӣ бо техникаю таҷҳизот ва ғайра амалӣ шуда истодаанд. ИМА ба мақомоти қудратии Тоҷикистон кумакҳои молию моддӣ мерасонад. Аз соли 1992 инҷониб кумаки Ҳукумати ИМА дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, дастгирии амният ва волоияти қонун зиёда аз 37 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Инчунин Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти сарҳадӣ, таҳкими бунгоҳҳои наздисарҳадӣ, омӯзондани донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар ИМА ва истифодаи об кумак мерасонад.
Дар давраи ҳамкориҳо асоси шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо миёни ҳарду кишвар ташаккул ёфт. То имрӯз байни ду давлат зиёда аз
30 санади байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидааст, ки самтҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, маориф, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи муҳаддирро дар бар мегиранд.

пешина
аз 228
навбатӣ