Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар шароити кунунии муносибатҳои Тоҷикистону ИМА масъалаи ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон ва барқарор намудани амну субот дар ин кишвар яке аз самтҳои муҳимтарин мебошад.
Ба мақсади дастгирии амалиёти зиддитеррористии ИМА дар Афғонистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои эътилофи зиддитеррористӣ бо роҳбарии ИМА ҳарими ҳавоӣ ва зербинои рӯизаминии худро пешкаш намуд. Инчунин аз лаҳзаи оғози амалиётҳо дар Афғонистон дархости Ҳукумати ИМА дар бораи транзити борҳои ғайринизомии НАТО тавассути қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт.
Ба мақсади беҳтар намудани имкониятҳои савдою тиҷорат миёни Тоҷикистону Афғонистон бо кумаки ИМА ба маблағи зиёда аз 36 миллион доллари ИМА дар минтақаи Панҷи Поён дар болои дарёи Панҷ пули «Дӯстӣ» бо биноҳои зарурӣ барои сарҳадчиён ва кормандони хадамоти гумруки Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд. Қобили зикр аст, ки ин пул барои густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо Афғонистон ва баромадан ба бандарҳои баҳрӣ хеле муҳим мебошад.
Дар баробари ин Тоҷикистон умедвори он аст, ки ИМА ба таҷдиди иқтисодии Афғонистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, дар амалӣ кардани барномаву тарҳҳои иқтисодии ин кишвар, ки аксари онҳо хусусияти минтақавӣ хоҳанд дошт, хусусан дар соҳаҳои энергетика (сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли газ, барқ), коммуникатсия (сохтмони роҳҳои оҳану мошингард) ба иқдомҳои ҷиддӣ даст хоҳад зад.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ ба парлумони кишвар аз 20 апрели соли 2012 муносибатҳои Тоҷикистонро бо Эътилофи байналмилалӣ дар робита бо Афғонистон «созанда»
арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ин ҳамкориҳо «ҳамеша хуб буданд»
ва «бо кишварҳои Ғарб, ки шомили он ҳастанд, идома хоҳанд ёфт».
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «равобити гуногунҷанбаи мо бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ин самт омили муҳиме хоҳад буд».
Дар баробари ин Сарвари давлат илова намуд, ки «хуруҷи эълоншудаи ин нерӯҳо дар соли 2014 масъулияти моро, ки чун кишвари буферӣ бо сарҳади тӯлонии қариб 1400-километра дар рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорем, дучанд зиёд хоҳад кард» ва «аз ин рӯ, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи сиёсиву иқтисодии мо, аз ҷумла, ҳамкории амниятии мо чи бо созмонҳои марбута, ки узвашон ҳастем ва чи бо худи Афғонистони бародар тақвият ва таҳким хоҳанд ёфт».
Ҳамин тариқ, бо саъю талошҳои Президенти Тоҷикистон ҳамкории ҷумҳурӣ бо кишварҳои Ғарб зина ба зина густариш ёфта, вобаста ба имкониятҳои давлати мо барои роҳандозии чунин робитаҳо рушду такомул ёфтаанд. Дар даҳсолаи аввали ҳамкориҳо кишварҳои Ғарб дар ҳалли мушкилоти мавҷуда аз халқу давлати Тоҷикистон кумаку дастгирии худро дареғ надоштанд ва солҳои баъдӣ бо таъмини сулҳу субот ба ривоҷ бахшидани ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ ва сармоягузорӣ пардохтанд.

пешина
аз 228
навбатӣ