Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Бо итминон метавон зикр кард, ки ҳузури кишварҳои Ғарб бо техника ва технологияи пешрафта дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ тақвият ёфта, ҳамкориҳоро ба сатҳи сифатан нав хоҳад баровард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баъзе созмонҳои кишварҳои Ғарб, аз қабили Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ/НАТО) ҳамкорӣ мекунад. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои ҳамёрии аврупоӣ-атлантикӣ (ШҲАА) ва барномаи «Ҳамёрӣ баҳри сулҳ» (ҲБС)-и СААШ шурӯъ аз соли 2002 сурат мегирад. Роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се маротиба дар кори Саммити СААШ ширкат варзидааст: Саммити Вашингтон (апрели соли 1999) бахшида ба 50-солагии ташкилёбии СААШ; Саммити Прага (ноябри 2002), ки дар он ҳуҷҷатҳои муҳим аз қабили «Нақшаи амали ҳамёрӣ дар мубориза алайҳи терроризм» ва «Хулосаи умумии фаъолияти ШҲАА»
қабул гардида буданд; инчунин Саммити Истамбул (июни соли 2004), ки дар он диққати асосӣ ба масъалаи ҳамкориҳои дарозмуддати байналмилалӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм ва таҳкими ҳамкорӣ миёни СААШ ва кишварҳои ҳамёри Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ равона гардида буд.
Барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо СААШ дар самти вокуниши саривақтӣ ба хатар ва таҳдид ба амният муҳим мебошад. Дар шароити ҳозира Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо СААШ дар чаҳорчӯби низоми «ПРАЙМ» таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамояд.
Боиси зикр аст, ки ҳамкории СААШ бо Тоҷикистон дар таъмин ва пойдории сулҳ дар кишвари ҳамсоя Афғонистон роҳандозӣ гардида, дар мулоқотҳои сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Илова бар ин, ҷонибҳо раванди ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби барномаи «Ҳамёрӣ баҳри сулҳ» мадди назар қарор додаанд.
Қобили зикр аст, ки бо иқдоми созмон дар Маркази таҳқиқоти масъалаҳои амният ба номи Ҷорҷ Маршал (ш. Обераммергау, Олмон) намояндагони кишвар пайваста дар машғулиятҳо, симпозиумҳо ва конфронсҳо ширкат меварзанд. Иштирокчиён оид ба нақши созмон дар шароити кунунӣ, вокуниши он ба чолишҳои ҷадид ва авлавиятҳои ҳамкориҳо миёни кишварҳои иштирокчию ҳамёр табодули назар сурат медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё