Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
ТАШАББУСҲОИ ОЯНДАСОЗ
ДАР ПАҲНОИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Саъдии Шерозӣ
СММ – минбари паёмҳои созанда
Агар ба таърихи истиқлолияти Тоҷикистон амиқ назар биандозем, мебинем, ки дар мизони ҳамкориҳои давлати тозаистиқлол Созмони Милали Муттаҳид ҷойгоҳи махсуси худро дорад. Дар ин маврид ду омилеро мебинем, ки барои амиқан ворид кардани СММ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон нақши муассир доштанд.
Омили аввалӣ ҷараёни ҳодисаҳои Тоҷикистон дар солҳои нахустини истиқлолият аст, ки зарурати мусоидату дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро ба миён оварда буд.
Омили дуюм мавқеи Роҳбари давлат аст, ки дар ин равандҳо Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳайси довару раҳнамо пазируфта, дар ҳаллу фасли мушкилоти дохилӣ – бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва гуфтушунид кардан бо мухолифин аз ин созмони бонуфузи байналмилалӣ кумак хост. Эмомалӣ Раҳмон борҳо сари ин масъала баргашта, нақши вижаи Созмонро дар ҳалли чунин проблемаҳо таъкид кардааст. Аз ҷумла, ӯ дар Муроҷиати худ ба муносибати солгарди ба узвияти СММ қабул шудани Тоҷикистон моҳи марти соли 1993 таъкид дошт, ки «мо ҷонибдори тақвият додани нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои марбут ба вуқӯъ омадани ҷангҳо ва ихтилофот, тазодҳои милливу этникӣ, иҷрои бечунучарои қарорҳои он ва мусоидати ҳаматарафа баҳри татбиқи ҳадафҳои накӯкоронаи ин созмони барӯманди байналхалқӣ мебошем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё