Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар як соли аввали истиқлолият, хусусан ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ аз ҳар ҷиҳат имкони дарёфти тадбирро барои аз байн бурдани бӯҳрони фарогир дар ҷумҳурӣ аз даст дода буд. Тадбирҳои муваққатӣ, лаҳзаина ва бидуни фароҳам овардани шароитҳо ва таҳияи механизми муназзам натиҷае намедоданд, ва баръакс, вазъиятро боз ҳам муташанниҷ месохтанд.
Натиҷа ҳамин шуд, ки қисмати ҷанубу маркази кишвар ба майдони ҷанг табдил ёфт, моҳи ноябри соли 1992 дар Душанбе имкони ҷамъ овардани вакилони халқ ва кафолати таъмини амнияти онҳо мавҷуд набуд (моҳи апрели ҳамон сол то оғози муқовимати яроқнок 17 нафар вакилони халқ ва аъзои ҳукуматро гаравгон гирифта буданд, чи расад аз замони ҷанг) ва иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар Хуҷанд баргузор гардид.
Яке аз нахустин иқдомҳои Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли қазияи ҷумҳурӣ ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути Созмони Милали Муттаҳид ва истифодаи имкониятҳои ин созмони универсалии байналмилалӣ буд. Мақсади Роҳбари давлат ба вуҷуд овардани механизмҳои мукаммали ҳалли мухолифати дохилӣ буд, ки дар сурати таҳти сарпарастии СММ роҳандозӣ намудани онҳо имкони беғаразӣ, шаффофият ва дигар назокати сиёсию дипломатӣ таъмин мегардид.
Гарчанде Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид бошанд ҳам (29 январи 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмон ба сифати аъзо қатънома қабул шуд, 2 марти ҳамон сол зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи 46/224 оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба иттифоқи оро қабул гардид), вале имконияти ин созмон барои ҳалли қазияи Тоҷикистон ҷалб нашуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми худ ба унвони Дабири кулли СММ Бутрос Бутрос Ғолӣ ин созмони бонуфузи байналмилалиро аз вазъи кишвар огоҳ намуда, ба хотири рафъи мушкилоти пешомада ва ба эътидол овардани вазъият дархости мусоидат намуд.
Дар асоси муроҷиати Роҳбари Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷумҳурӣ Созмони Милали Муттаҳид чанд иқдомеро амалӣ кард, ки барои ҳалли мушкилоти кишвар аҳамияти калон доштанд:

  1. Ба мақсади ҳамоҳанг кардани тадбирҳои СММ дар Тоҷикистон вобаста ба вазъияти муташанниҷи он, барқарор намудани тамоси доимӣ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҷорӣ 1 феврали соли 1993 дар Душанбе Дафтари нозирони СММ (ДНСММТ) ба фаъолият шурӯъ кард, ки роҳбарии онро Ливиу Бота (Руминия) ба ӯҳда дошт.
пешина
аз 228
навбатӣ