Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Бояд зикр намуд, ки ДНСММТ аз оғози фаъолияташ дар раванди ба эътидол овардани вазъият ва таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Бо оғоз шудани раванди музокироти сулҳи тоҷикон (1994-1997) Дафтар дар омода ва баргузор намудани мулоқотҳо ва даврҳои гуфтушунид корҳои зиёдеро бар ӯҳда дошт. Бо иҷро шудани талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва фаъолияти худро қатъ кардани Комиссияи оштии миллӣ бо ташаббуси Дабири кулли СММ Кофи Аннан моҳи майи соли 2000 дар асоси ДНСММТ Дафтари СММ оид ба мусоидат ба сулҳпарварӣ дар Тоҷикистон (ДСММСТ) таъсис дода шуд.
Вазифаи асосии Дафтар мусоидат ба густариш ва таҳкими асосҳои сиёсӣ, абзорҳои дохилии сулҳпарварӣ, қобилияти давлату ҷамъият дар пешгириву ҳалли низоъҳоро дар бар мегирифт. Моҳи августи 2007 Дафтар оид ба мусоидат ба сулҳпарварӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро бомуваффақият анҷом дод. Даҳҳо кормандони ин Дафтар бо мукофотҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.
2. Моҳи апрели соли 1993 дипломати ироқӣ Исмат Қиттонӣ ба ҳайси Фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ таъйин гардид ва моҳи декабри ҳамон сол ин вазифа ба зиммаи дипломати уругвайӣ Рамиро Пирис-Баллон вогузор шуд. Баъдтар дипломатҳо Герд Дитрих Меррем, Ян Кубиш, Иво Петров ва Владимир Сотиров вазифаҳои Фиристодаи вижа ва Намояндаи Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистонро ба ӯҳда доштанд, ки амалӣ намудани рисолати муқарраршудаи созмон бар дӯши онҳо буд.
3. Таъсис додани Гурӯҳи тамос бо иштироки намояндагони давлатҳо ва созмонҳои алоқаманд (Россия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, САҲА).
4. Баррасӣ намудани вазъияти Тоҷикистон дар Шӯрои амнияти СММ ва қабул намудани санадҳо ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ.
Ҳамин тариқ, Созмони Милали Муттаҳид бо дархосту маслиҳати Роҳбари давлат механизми мукаммалеро ба вуҷуд оварда, дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш ва ризоияти миллӣ корҳои зиёдеро амалӣ намуд. Миёни корҳои анҷомдодаи намояндагии СММ ва дигар ниҳодҳои он дар Тоҷикистон тадбирҳои зеринро махсус зикр кардан зарур аст:
а) Мусоидат дар бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойҳои сукунати доимӣ, барқарор кардани манзилҳои харобгардида, расонидани кумакҳои башардӯстона. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳолати охири соли 1992 теъдоди гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ қариб як миллион аҳолии Тоҷикистонро ташкил мекард. Аз ҷумла, қариб 70 ҳазор гуреза дар Афғонистон буд, ки СММ ба онҳо кумак мерасонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё