Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Дар муддати кӯтоҳ ин масъала ҳалли худро ёфт ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҷойҳои сукунатӣ доимӣ баргашта, ба ҳаёти осоишта машғул шуданд.
б) Роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳи тоҷикон. Ин иқдоме буд, ки аз аввал то ба охир таҳти сарпарастии СММ сурат гирифта, бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфт.
в) Назорат аз болои риояи талаботи Шартномаи Теҳрон оид ба оташбас. Ба ин кор нозирони низомии Дафтари нозирони СММ машғул буданд ва ин тадбир барои коҳиш додани амалиётҳои ҷангӣ ва халалдор накардани раванди музокироти сулҳ нақши муассир дошт.
г) Мусоидат дар ҳалли масъалаҳои барқарорсозии пас аз низоъ ва амалӣ шудани санадҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон.
Дар натиҷа, Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз зарфияту имкониятҳои СММ ба он комёб шуд, ки масъалаи дар он замон барои Тоҷикистон аз ҳама асосӣ – ба эътидол овардани вазъият ва таъмини сулҳу субот ҳалли худро ёфта, барои рушди бемайлони хоҷагии халқ ва некӯаҳволии сокинони ҷумҳурӣ заминаҳои устувор ба вуҷуд оварда шаванд.
Ҳамзамон Роҳбари давлати Тоҷикистон дар ҷараёни иштироки СММ дар ҳалли бӯҳрони фарогири кишвар боварӣ ҳосил намуд, ки бо истифода аз зарфияти ин созмон мушкилоти кишварҳо ва минтақаҳоро ҳал кардан мумкин аст. Ба ин хотир, ҳангоми ҳалли проблемаҳои кишварҳои алоҳида Эмомалӣ Раҳмон ду шарти асосиро ҳамеша таъкид мекунад: а) эътироф намудани нақши Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони универсалӣ дар ҳаллу фасли муноқишаҳо, таҳти сарпарастии он, бидуни дахолати кишварҳои алоҳида ҳал намудани чунин қазияҳо; б) дар чаҳорчӯбаи санадҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл намудани муноқишаҳо. Ҳодисаҳои чанд соли охир дар Аврупои Шарқӣ ва Ховари Миёна нишон доданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳмили сиёсати давлатҳои манфиатдор, таъмини тамомияти арзӣ ва истиқлолияти кишварҳои ба муноқиша мувоҷеҳшуда рӯ овардан ба дипломатияи боздоранда таҳти сарпарастии СММ роҳи аз ҳама мувофиқ аст.
Дар баробари ин дар раванди ҳамкориҳо аён гашт, ки дар кори абзорҳои СММ камбудиҳо ҷой доранд ва ин нуктаҳо дар масъалагузориҳои Роҳбари давлат ҷиҳати ворид кардани ислоҳот дар фаъолияти СММ манзур гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҷуз аз ҳаллу фасли мухолифати дохилии кишвар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он дар чанд самт муайян намуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё