Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар муроҷиатномаи Роҳбари давлат зикр гардид, ки Тоҷикистон дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳуқуқи ҳар халқ барои интихоби роҳи пешрафти худ, дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар муносибатҳои худро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, минҷумла, бо ҳамсояҳои наздик – Афғонистон, Покистон, Хитой, Эрон ва дигар кишварҳои Осиё, Африка, Аврупо ва Америка роҳандозӣ хоҳад намуд.
Дар он санад таъкид гардид, ки Тоҷикистон бояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷои сазовори худро соҳиб шавад.
Роҳбари давлат ҳар маротиба таъкид месохт, ки Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявиро пеш гирифта, дар ин ҷода бомаром пеш меравад.
Ҳамин тариқ, сари масъалаи тарҳрезии сиёсати хориҷӣ кор шурӯъ шуд ва Роҳбари давлат зимни суханронии худ дар иҷлосияи XVII Шӯрои Олии ҷумҳурӣ 26 июни соли 1993 зикр намуд, ки «баъд аз иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар сиёсати хориҷии мо марҳалаи нав оғоз ёфт ва ҳоло рафти ташаккули ҷанбаҳову равияҳои асосии он идома дорад».
Дар он нутқи худ Роҳбари давлат андешаҳояшро роҷеъ ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон иброз намуда, зикр карда буд, ки он «дар асоси эҳтироми меъёрҳои умумибашарӣ, принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба мадди назар гузоштани манфиатҳои олии Тоҷикистон» роҳандозӣ хоҳад шуд. Ин фикр дар суханронии ӯ дар ифтитоҳи таҷлили истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани дуюми тоҷикони ҷаҳон 8 сентябри соли 1993 тақвияти бештаре пайдо кард: «Тоҷикистони тозаистиқлол сиёсати хориҷии худро дар асоси эҳтиром ва эътирофи меъёрҳои сиёсати байналхалқӣ, принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дифои манфиатҳои олии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, тамомияти арзӣ, мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигар, баробарҳуқуқӣ дар муносибати байни ҳамдигар, ҳамкории барои тарафҳо муфид ва судбахш танзим намояд. Танҳо ҳамин гуна сиёсат метавонад амнияти Тоҷикистонро бо роҳҳои сиёсӣ таъмин созад, барои пешрафти ислоҳоти демократӣ ва равнақу ривоҷи иқтисодиёт, фарҳанг, илму маорифи он мусоидат кунад, ба ташаккули иқтисоди бозаргонӣ ва барқарор гардидани муносибатҳои нав ва босамари Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон мадад расонад.
Мо дар заминаи ҳамин усул ва бо дарназардошти манфиатҳои Тоҷикистон ният дорем бо тамоми кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ робитаҳои қавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ барқарор намоем».

пешина
аз 228
навбатӣ