Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан
  • иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар баррасӣ ва ҳаллу фасли муҳимтарин проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • бар дӯш гирифтани ӯҳдадориҳо ба хотири ҳамзистии осоишта, ҳалли мушкилоти глобалӣ ва амнияти дастҷамъӣ;
  • ибрози назар ҷиҳати беҳдошти фаъолияти СММ, ислоҳоти сохторӣ ва самтҳои фаъолияти он, дастгирии иқдомҳои Созмон дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ;
  • ҷалб намудани СММ ва ниҳодҳои он ба ҳалли проблемаҳои ҷумҳурӣ ва таъмини рушди босуботи он;
  • дар чаҳорчӯбаи СММ рушду тавсеа бахшидани ҳамкориҳо бо соири кишварҳои олам ва ривоҷ додани тамоси доимӣ бо онҳо.
    Роҷеъ ба ин самтҳо дар давоми ду даҳсола корҳои зиёде ба анҷом расиданд, ки зикри бархе аз онҳо ба мазмуну мундариҷаи ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо ин созмони бонуфуз равшанӣ меандозад.
  1. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ба ҳайси Роҳбари давлат омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати иштироки фаъолонаи он дар баррасӣ ва ҳаллу фасли муҳимтарин проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иброз намуда буд. Аз ҷумла, дар муроҷиати худ ба муносибати солгарди ба узвияти СММ қабул шудани ҷумҳурӣ дар марти соли 1993 иброз дошт, ки шомил гардидани Тоҷикистон ба ин созмон «барои фаъолияти бехатару самараноктари байналхалқии ҷумҳурӣ, барои иштироки бевоситаи он дар ҳалли масъалаҳои умдатарини дар назди инсоният истода имкониятҳои хуб фароҳам овард».
    Дар ин қарина, тайи чанд соли охир Эмомалӣ Раҳмон силсилаи ташаббусҳоро бахшида ба истифодаи захираҳои обӣ пешниҳод намуд, ки аз ҷониби СММ истиқболи тамом пайдо карданд. Ин ташаббусҳо ба яке аз самтҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистон бо ин созмон ва ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа табдил ёфтанд (дар бораи иқдомоти Эмомалӣ Раҳмон дар самти «дипломатияи об» дар бахши алоҳидаи ин китоб сухан хоҳад рафт).
    Ғайр аз ин, Роҳбари Тоҷикистон роҷеъ ба чандин проблемаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки барои амнияту суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти нав эҷод мекунанд, гаштаву баргашта масъалагузорӣ карда буд.
    Аз ҷумла, як силсила таклифҳо ба дастгирӣ намудани кишварҳои қафомонда ва баланд бардоштани сатҳи зисту зиндагии онҳо дахл дошт. Ин таклифҳо гуногун буда, мақсад аз онҳо баланд бардоштани зарфияту имконияти кишварҳои ниёзманд ба хотири мустақилона ҳаллу фасл намудани проблемаҳои онҳо мебошад. Масалан, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар вохӯрии сарони давлату ҳукуматҳои ҷаҳон бахшида ба масъалаи озуқа, ки 16 ноябри 1996 дар Рим баргузор шуда буд, аз иштирокдорони мулоқот хоҳиш намуд, ки ба масъалаҳои тавсеаи кумакҳои моддӣ-техникӣ барои зиёд кардани истеҳсоли озуқа дар чунин мамлакатҳо диққат диҳанд.
пешина
аз 228
навбатӣ