Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ба андешаи Роҳбари давлат «расондани кумак ба соҳаи кишоварзии баъзе давлатҳо бо роҳи таъмин намудани воситаҳои моддию техникӣ роҳи кӯтоҳтарини зиёд кардани ҳосилнокии зироат ва афзун гардондани истеҳсоли озуқа мебошад» то ин ки «ҳар мамлакат худро бо маводи хӯрока таъмин намояд». Дар маҷмӯъ, ба андешаи Роҳбари давлат «Созмони Милали Муттаҳид бояд барои натиҷаи дилхоҳ додани тадбирҳое, ки ҳадафи онҳо ҳарчи камтар сохтани фарқияти дараҷаи пешрафти давлатҳои доро ва қашшоқ мебошад, аз ҷумла, бо роҳи афзунтар сохтани маблағгузорӣ ба иқтисодиёти мамлакатҳои дар давраи гузариши иқтисодӣ қарордошта, ки захираҳои фаровони энергетикию сузишворӣ надоранд, саҳм гузорад».
Масъалаи дигаре, ки бо истифода аз минбари иҷлосияҳои Маҷмааи Умумӣ ва ҳамоишҳои гуногуни СММ пайваста аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода мешавад, вазъияти муташанниҷи Афғонистон аст, ки дар ин бора алоҳида сухан хоҳад рафт.
2. Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ӯҳдадориҳои ҷумҳурӣ пайравии устувори Тоҷикистонро ба ҳадафу принсипҳои Низомномаи СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ иброз дошта, ҳамзамон омодагии онро ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои гуногуни байналхалқӣ дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот, масъалаҳои халъи силоҳ ва манъи паҳншавии яроқи атомӣ иброз намуд. Зимни ин Роҳбари давлат роҳандозӣ намудани чунин тадбирҳоро барои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ шартҳои муҳим арзёбӣ намуда, онҳоро чун афзалиятҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ муайян кардааст.
Дар ин росто Аҳднома оид ба минтақаи озод аз яроқи атомӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 8 сентябри 2006 дар чаҳорчӯби СММ ба имзо расид, ба талошҳои Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии яроқи атомӣ комилан мувофиқ буда, ба таҳкими амнияти минтақавӣ, тақвияти ҳамкориҳо миёни кишварҳо ва истифодаи нерӯи ҳастаӣ ба мақсадҳои осоишта мусоидат мекунад.
Тоҷикистон нақши пешбари Созмони Милали Муттаҳидро дар мубориза алайҳи савдои ғайриқонунии яроқи сабуки оташфишон (ЯСО) дастгирӣ намуда, ба татбиқи Барномаи амал оид ба пешгирӣ ва қатъ кардани савдои ғайриқонунии ЯСО дар ҳамаи ҷанбаҳояш, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ доир ба қатъ кардани фаъолияти ғайриқонунии тиҷоратӣ ва истеҳсоли ғайриқонунии ин намуди яроқ аҳамияти калон зоҳир мекунад.
Ҳамчунин кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати таъмини манъи қатъии минаҳои зиддипиёдагард ҷиддан мавриди дастгирии Тоҷикистон қарор гирифта, ҷумҳурӣ муқаррароти умумии Конвенсия оид ба манъи истифода, захира, истеҳсол ва интиқоли минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо (Конвенсияи Оттава)- ро риоя мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё