Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Вобаста ба ин масъала Тоҷикистон ҷонибдории худро аз минтақаи беминаи Осиёи Марказӣ (Осиёи Марказии озод аз хатари минаҳо) иброз намуда, аз ҷонибҳои алоқаманд роҷеъ ба андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати тоза кардани қаламрави минадори минтақа ва ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба оқибатҳои минагузорӣ даъват ба амал овард.
Роҳбари давлат борҳо иброз дошт, ки Тоҷикистон қатъиян зидди терроризми байналмилалӣ дар ҳамаи шаклҳояш буда, муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҷонибдорӣ менамояд. Дар ҳамин асос Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти СММ ва Стратегияи зиддитеррористии глобалии СММ-ро дастгирӣ намуда, бар замми ин роҷеъ ба пурзӯр кардани мубориза бар зидди терроризм дар сатҳҳои гуногун таклифу тадбирҳо пешниҳод кардааст, ки дар ин бора алоҳида сухан меравад.
Илова бар он, дар соли 2008 бори нахуст шаҳрвандони Тоҷикистон ба қатори қувваҳои байналмилалии сулҳпарвари СММ дохил шуданд, то дар ҳалли масъалаҳои таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра саҳми худро гузоранд.
3. Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳдошти фаъолияти СММ, ислоҳоти сохторӣ ва самтҳои фаъолияти он, дастгирии иқдомҳои Созмон дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ борҳо андешаҳои худро иброз намудааст. Аз ҷумла, зимни суханронии худ дар иҷлосияи 52-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид дар моҳи октябри соли 1997 Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ислоҳоти СММ таваҷҷӯҳ намуда, иброз дошт, ки «мо ба СММ ҳамчун ба воситаи асосии таъмини сулҳу амнияти байналхалқӣ аҳамияти бузург медиҳем». Ба фикри Роҳбари давлат «ғояҳои мутобиқати СММ ба воқеияти имрӯза бешак муҳим ва заруранд» ва аз ин рӯ «дар шароити имрӯзаи ноустувори гузариш дар ҷаҳон нақши СММ ҳамчун воситаи ба эътидол оварандаи авзоъ бояд пайваста афзояд». Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ислоҳоти СММ чанд нуктаро зикр кард, ки барои дурнамои фаъолияти ин созмон аҳамияти муҳим дошта метавонанд:
- воқеъбинона муносибат кардан ба ислоҳоти СММ тавассути бештар таваҷҷӯҳ намудан ба ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳим, риояи тавозуни оқилонаи навҷӯйиҳо ва таҳкими усулҳое, ки аллакай самараашонро нишон додаанд;
- афзудани намояндагиҳои доимии Шӯрои амнияти СММ, зиёд шудани аъзои он на фақат аз ҳисоби номзадҳо аз ҷумлаи давлатҳои саноаташон мутараққӣ, балки намояндагони кишварҳои рушдёбанда дар асоси навбат;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё